goodwell
Моҳи июл ҳаво дар Тоҷикистон то 40-43 дараҷа гарм мешавад
119

Моҳи июл ҳаво дар Тоҷикистон зиёда аз 40 дараҷа гарм мешавад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар дода, гуфтааст, ки боришот аз меъёр камтар хоҳад шуд, вале баъзан тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.

Ҳаво дар вилояти Хатлон камабр ва гарм шуда, ҳарорат дар водиҳо 29-32 дараҷа ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ то 24 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорат дар назар дошта шуда, шабона дар водиҳо аз 22-27 дараҷа то 26-31 дараҷа ва рӯзона аз 33-38 то 38-43, дар ноҳияҳои ҷануб то 40-43 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона аз 15-20 то 19-24 ва рӯзона аз 31-36 то 36-41 дараҷа гармшавии ҳаво пешбинӣ шудааст.

Дар вилояти Суғд ҳарорати ҳаво 1-2 дараҷа баландтар буда, дар водиҳо 28-30 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 13-18 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ дар ин минтақа низ тағйирёбии ҳарорат дар назар дошта шуда, шабона дар водиҳо аз 22-27 дараҷа то 25-30 дараҷа, рӯзона аз 34-39 то 40-42, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 8-13 то 12-17 ва рӯзона аз 25-30 то 30-35 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарби ВМКБ ҳарорати ҳаво 21-27 дараҷа гармро ташкил медиҳад, вале давоми моҳ гармтар шуда, рӯзона аз 29-34 то 35-40 ва шабона аз 11-16 то 15-20 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои шарқи ВМКБ ҳарорат 1 дараҷа баландтар аз меъёри иқлимӣ буда, 10-14 дараҷа гармро ташкил медиҳад, аммо давоми моҳ ҳаво шабона аз 3-8 то 8-13 ва рӯзона аз 13-18 то 19-24 дараҷа гарм мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД