sebiston july new
Моҳпайкар Ёрова: Пешниҳоди актёрони туркро бесаброна интизорам!
3356


-Салом, Моҳпайкари азиз!
-Дуруд бар Шумо ва муштариёни “Оила”.
-Бигӯед, ки беҳтарин дастовард дар соли 2019 бароятон кадом буд?
-Соли сипаришудаистода бароям хеле соли бобарор буд. Яке аз беҳтарин дастовардҳоям, ин соҳиби Шоҳҷоиза гардидани намоиши “Дирафши коваёнӣ” дар Ҷашнвораи байналмилалии театрӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон буд. Ин на танҳо дастоварди ман, балки барои аҳли ҳунармандони театри Ҷавонони ба номи М. Воҳидов, низ дастоварди бузурге буд. Инчунин, дастоварди дигар бароям ҳамкорӣ бо яке аз коргардонҳои муваффақи на танҳо Ӯзбекистон, балки Осиёи Марказӣ низ гӯем, хато намекунем, профессор Олимҷон Салимов буд. Бо он кас мо дар муддати як моҳ намоиши “Тарма”-ро аз рӯйи асари нависандаи турк Тунҷер Ҷуҷеноғлу ба саҳна гузоштем. Барои ҳар як ҳунарманд ҳамкорӣ бо коргардони ҳирфаӣ ва диди тозадошта, ин худ дастоварди бузургест.
-Намоиши “Тарма” аз тарафи тамошобин баҳои баландро сазовор шуд, ин ҳама бештар заҳмати коргардон буд ё ҳунармандон?
-Ин заҳмати якҷояи коргардон ва ҳунармандони намоишнома буд. Тӯли як моҳ барои ба саҳна гузоштанаш меҳнат кардем. Кӯшишу ғайрати мо беҳуда нарафт ва мо шодем, ки тамошобинон ва ҳаводорони театр “Тарма”-ро хеле хуб қабул карданд. Дар охири ҳар намоиш эҳсос мешуд, ки тамошобинони толор якҷоя бо ҳунармандон хурсандӣ мекарданд. Инчунин, коргардон ҳунармандони номӣ ва таҷрибадори театри ҷавононро ба намоиш ҷалб намуданд, ба монанди Тағоймурод Розиқов, Гулсара Абдуллоева, Раҷабгул Қосимова.
-Дар арафаи соли нави мелодӣ дар театри Ҷавонон намоиши “Зани оҳанин” ба саҳна гузошта мешавад, мехостем бидонем, ки шумо дар ин намоиш кадом нақшро мебозед ва омодагиҳо чӣ гунаанд?
- Намоишномаи “Зани оҳанин” аз рӯйи асари нависандаи ӯзбек Шароф Бошбеков, дар таҳияи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, лауреати ҷоизаи давлатӣ ба номи А. Рӯдакӣ Мирзоватан Миров рӯйи саҳна омадааст. Намоишнома аз ҳаёти пурмашаққати занон нақл мекунад. Дар намоишнома, вақте олими ҷавон роботро ихтироъ мекунад, онро ба саҳро барои пахтачинӣ мебаранд. Робот дар саҳро ба гармии ҳаво тоб наоварда, об мешавад. Нахустнамоишро ҳаводорон ва дӯстдорони театр рӯзҳои наздик дар театри ҷавонон дида метавонанд. Дар намоишнома ман нақши зани Қучқорро мебозам.
-Мегӯянд, ки шумо минбаъд дар филмҳои туркӣ нақш мебозед?
- Бале, яке аз корҳои бароям ҷолиб ва хуби соли 2019 ин пешниҳоди иштирок дар силсилафилми туркӣ буд.


Дар мактаб ҳама ҷавонон ошиқи ҳусну ҷамоли ин парипайкар буданд, вале зебосанами мағрур парвои муҳаббати касеро надошт.


-Наворбардории силсилафилми туркӣ, ки шумо бо Буроқ Оздивич нақш меофаред, кай оғоз меёбад?
- Ҳоло наметавонам чизе бигӯям. Дастандаркорони филм низ аз кай оғоз шудани наворбардорӣ маро огоҳ нанамудаанд. Ҳаминро медонам, ки айни ҳол Буроқ Оздивич ба наворбардории силсилафилми дигари туркӣ, таҳти унвони “Усмон” машғул мебошад. Фикр мекунам, бинобар ширкати Буроқ дар наворбардории ин филм оғози кори мо каме ба таъхир афтодааст. Дар филме, ки ман нақш меофарам, он ҷо банда нақши Маликаи форс, яъне, модари Буроқро бозӣ хоҳам кард. Худи ман, нақшофарӣ бо Буроқро бесаброна интизорам.
-Дар соли 2020 чӣ нақшаҳои нави эҷодӣ доред?
-Ҳозир чизе гуфта наметавонам, зеро тақдирро мо намекашем. Ҳамааш бо хости Худост.
Ба мухлисонатон дар Соли нав чӣ таманниёт доред?
-Ба тамоми мардум хушиҳои зиндагиро таманно дорам. Бигзор ҳеҷ гоҳ аз ҳеҷ чиз нороҳат набошанд, сиҳату саломату хушбахт бошанд. Дӯстатон медорам, мухлисони азизам! Парвардигори меҳрабон нигаҳбонатон бод!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД