Oila Navruz
Мотам дар хонадони Президенти Тоҷикистон
960


Хонадони президенти кишвар имрӯз мотамзада аст. Шаби гузашта додарарӯси сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Ҳусейн Асадуллозода аз бемории қанд аз олам даргузашт.

Ҳусейн Асадуллозода, бародари дугоники раиси “Ориёнбанк” Ҳасан Асадуллозода буда, шаби 10 ба 11 декабр, дар пойтахти Эрон-шаҳри Теҳрон аз олам даргузаштааст. Марҳум ҳамагӣ 54-сол дошт.
Ҷанозаи додарарӯси президенти кишвар имрӯз дар зодгоҳаш ҷамоати “Чапаев”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барпо хоҳад гашт. Пайвандон ва ёру дӯстони ин хонаводаи бонуфуз бо қалби хунчакон ба маросими ба хок супории маит омодагӣ мегиранд.

Ҳусейн Асадуллозода яке аз бародарони дугоники ҳамсари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон- Азизамоҳ Асадуллозода бошад ҳам, мисли бародараш Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” маъруф набуд, зеро вай ҳатто ба шаҳр накӯчида, тамоми ин солҳо дар муҳити деҳа, дар зодгоҳашон, ҷамоати Чапаев бо аҳли оилааш умр ба сар мебурд. Ҳусейн Асадуллозода ба иттилоъи Озодӣ раиси ширкати “Нафтрасон” дар шаҳри Левакант, сарбанди собиқ будааст, ки асосан ба фурӯши маҳсулоти нафтӣ дар вилояти Хатлон машғул мебошад.
Тавре ки Радиои Озодӣ хабар додааст, Ҳусейн Асадуллозода аз бемории қалб ранҷ мекашид ва ду ҳафта қабл ӯро барои табобат ба Эрон бурда буданд. Тамоми ин муддат мариз бо ёрии дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ нафас мекашид. Табибони эронӣ баҳри табобати Ҳусейн Асадуллозода талошҳои и зиёде карда бошанд ҳам, ҷони ӯро аз панҷаи марг наҷот дода натавонистанд ва шаби гузашта ӯ бо дили пурормон аз олам даргузашт.

Мо ба пайвандони марҳум сидқан изҳори ҳамдардӣ намуда, дар таҳаммули ин фоҷиа аз даргоҳи Худованд барояшон сабри ҷамил хоҳонем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД