toyota motors
Муҳаббат аз батни модар сар мешавад
03.06.2026
Oila.tj
104

Тадқиқотҳои олимон нишон медиҳанд, ки муҳаббат аз батни модар оғоз меёбад. Тифл ҳанӯз дар шиками модараш ҳис мекунад, ки волидонаш, махсусан модараш то кадом андоза ӯро дӯст медоранд ё нисбаташ бепарвоянд. Зани ҳомила агар ба тифли дар батнаш буда аҳамият надиҳад, кӯдак аз батни модар бо норасоии муҳаббат ба дунё меояд.

Ба сари кӯдаки хурд дод назанед!

Пас аз таваллуд, дар солҳои аввали ҳаёташ кӯдак ба меҳру муҳаббати волидон бештар ниёз дорад. Агар падару модар бо андешаи он ки тифл ҳанӯз хеле хурд аст ва гапро намефаҳмад, нисбаташ бепарвоӣ намуда, бо фарзанди навзод ё то сесолаашон суҳбат накунанд, дар бораи чӣ қадар ӯро дӯст доштанашон чизе нагӯянд ва танҳо бо сер кардани шиками тифл вазифаи худро иҷрошуда ҳисоб кунанд, кӯдак дер гап мезанад, нисбат ба дигар кӯдакон дертар роҳгардиро ёд мегирад ва дар инкишоф қафо мемонад.

Волидон ба сари кӯдаки хурдсол дод зананд ва бо мақсади тарбият додан аз рӯзҳои аввали ҳаёт сахтгирӣ намоянд, кӯдак тарсончак ба воя мерасад.

Умуман, муносибати сарди волидон дар тамоми раванди зиндагии кӯдакон таъсири номатлуб мегузорад, бинобар ин, бо фарзандонатон меҳрубон бошед, зеро саломатӣ ва хушбахтии фарзанд аз меҳру муҳаббати волидон сарчашма мегирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД