toyota motors
Муҳаббат бо марг ба поён намерасад
187

Инсон бузургтарин мавҷуди олами ҳастӣ буда, ҳеҷ вақт рӯҳу равони ӯ бо марг ба поён намерасад. Ӯ мушкилоти зиндагӣ, ғаму андуҳ ва дардро хеле наздик ба дил қабул дорад ва поёни умри азизи худро низ медонад, ки чӣ онро истиқбол мегирад. Аммо ҳамеша боварӣ дорад, ки ишқ, муҳаббат, иродаи матин кайфияти бузурге доранд, ки марг ҳам онро аз зеҳну тафаккури мардум бурда наметавонад. Барои тақвияти ин гуфтаҳо мехоҳам қиссаи як дӯстамро, ки то ҳанӯз бароям хеле асрорангез аст, пеши рӯ оварам.

Медонед, аз дунё реҳлат кардани ҳамсари дӯстамро қариб 14 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, вале воқеае, ки дар сари манзилгоҳ ба амал омада буд то ҳанӯз хотирамро мушавваш менамояд. Ин аст, ки борҳо мехостам аз дӯстам он вазъи гулпӯш кардани манзили ҳамсарашро пурсон шавам, аммо ҷуръат намекардам.

Акнун баъди солҳои тӯлонӣ аз дӯсти азизам пурсидам, ки чаро дар болои манзил гул пошидӣ, ки мардум дигар ашкҳояшонро нигоҳ дошта натавонистанд? Ин чӣ ҳикмате дошт?

Дӯстам бо як нигоҳи орому бо тамкин ба суям назар афканда, гуфт: «Мову шумо файласуф ҳастем, медонем, ки марг барои инсонҳо дард, бетоқатӣ ва андуҳи зиёде меорад, вале он як қисми табиии зиндагист, хусусан вақте, ки шахси наздикатон дунёро тарк мекунад, дигар чи илоҷ, албата тан ба тақдир месупоред».

Баъдан, ӯ оҳи сарде кашиду ин қиссаро давом додан гирифт. Ба ростӣ ман аз саволи худам пушаймонӣ мекашидаму дигар илоҷе ҳам надоштам. Аммо ба ҳикмату андешаҳои зиёде аз нав сарфаҳм рафтам, ки дарвоқеъ, зиндагӣ барои одамони бузург бо марг ба поён намерасидааст.

Дӯстам дар рафти суҳбат гуфтанд, ки марги одамони наздик ва хусусан падару модар ва ҳамсар дилро шикаста, зиндагиро ба танҳоӣ ва хомӯшӣ мебарад. Вале замоне, ки муҳаббат ба марг ва ҷудоӣ рӯ ба рӯ мешавад, дарди он чандон баробар мегардад. Аммо муҳаббат ҳамеша дар қалби инсон боқӣ мемонад, ки ин имтиҳони зиндагист. Аз ин рӯ, мо бояд боварӣ дошта бошем, ки зиндагӣ ҳеҷ вақт бо марг ба поён нахоҳад расид.

Агар мо хоҳем ё нахоҳем худи марг дар зиндагӣ шикастани як дили пур аз меҳру муҳаббат ва орзуву эҳсосот барои наздикон аст. Зеро бо рафтани шахси наздик дар зиндагӣ на танҳо як ҷони равон, балки як ҷаҳон аз меҳрубонӣ ва умеди рӯзгор аз байн меравад. Медонед, дар зиндагӣ инсонҳое ҳастанд, ки бо орзуҳо ва нияти нек умр ба сар мебаранд. Онҳо худашон дар зиндагӣ ҳамеша, меҳрубон ва зиндагиашон зебою гулпӯшанд, вале баъзан такдир нисбаташон бераҳмӣ дорад, ки онҳо аз байн мераванд. Хайр чи илоҷ мегӯянд, ки «замин пасту осмон баланд» дар байни онҳо аз даст додани шахси наздик хеле дарднок аст, вале бо ин ҳама талхиҳо зиндагӣ бо марг ба поён намерасидааст.

Медонед, дӯстам гуфт: “Замоне, ки маитро ба хок супориданд ҳушу руҳам дар дунёи дигар буд, ман танҳо писари хурдакакамро дар барам медидаму халос, гуё ки ҷаҳони рӯшан пеши чашмонам торик шуда буд. Дар камарбандам гулҳои зиёде доштам, ки қисме аз онҳоро дар кулбаамон ба болои тобути асрори зиндагиам пошида будам ва он тахти чубини азизи хонадонамон чунон зебою рангоранг гашта буд, ки аз дидани он дили санг ҳам об мегашт”. Бояд гӯям, ки замоне модари фарзандонам тобути гулпӯшашро ба мо васиат карда буданд. Бале, ҳаминтавр ҳам шуд, чӣ илоҷ... Баъди анҷоми ба хок супорӣ дар байни мардум дӯстам аз миёнбандашон гулҳои тару тозаро гирифта, болои қабр пошиданд ва дидам, ки ҳама ашк мерехтанд. Баъдан, ӯ беихтиёр бо ду зону бари манзил афтида бо сели ашкҳо рӯи қабри гулпӯшро гӯё, ки мешуст. Замоне, ки ба худ омаданд писаракашон ҳам беовоз ашк мерехт. Фикр мекардам, ки ашк резонидан на танҳо видоъ кардан, балки бо зиндагӣ ҳам хайрбод кардани ӯ буд, вале зиндагӣ дарси дигаре доштааст, ки бо марг ҳам ба поён намерасидааст.

Медонед марги ҳамсари дӯстам барои хонаводаашон танҳо як воқеаи ғамангезу фоҷиавӣ набуд, балки як дарди бедармони зиндагӣ ва аз даст додани рӯшноие буд, ки ҷаҳони зебою рангини онҳоро торик кард. Акнун, фаҳмидам, ки дар болои манзил гул пошидан ин рамзи ғаму андуҳ, эҳтиром ва видоъ кардан будааст. Ин изҳори муҳаббат ва қадрдонии самимӣ нисбати нафарест, ки дигар роҳи бозгашт надорад. Дӯстам гуфт, ки “пошидани гули маҳсар ҳикмати хосса дорад, ин гул нишонаи покӣ ва эҳтиром ба хотираи ҷовидона аст. Замоне, ки мо онро ба болои манзили азизонамон мепошем, гӯё тамоми эҳсосоти ногуфтаамонро ба забони гулҳо баён мекунем, дигар барои ин ҷасорат лозим”.

Ҳамин тавр, ҳар инсон дар зиндагӣ лаҳзаҳое дорад, ки бо дарду ҳасрати зиёд дар ёди мардум нақши абадӣ мемонанд, нақши як амали гулпӯш намудани манзил дар ҳамон вақт чандин сару садоҳҳое баровард, ки дӯстам то ҳанӯз хомӯширо пеша намуда, маргро дар баробари марги мафоҷо, ҷонгудоз, талх боз “марги гулпӯш” номидааст, аммо бо ин ҳама номгузориҳо зиндагӣ бо марг ба анҷом намерасад.

Муҳаммад АБДУРАҲМОН,

узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД