Ман дар синни 23-солагӣ баъди муҳаббати зиёд бо ҷавоне издивоҷ кардам, ки фикр мекардам то охири умр такягоҳам мешавад. Пеш аз тӯй ваъда медод, ки барои фаъолияти эҷодиам тамоми шароитро муҳайё мекунад. Ростӣ, барои ман ваъдаҳо аҳамияти калон надоштанд. Танҳо дӯсташ медоштам ва орзу мекардам, ки зиндагии хушбахтона дошта бошем.
Аммо орзуҳоям ҳамагӣ баъди як ҳафтаи тӯй барбод рафтанд. Бе ягон гуноҳ ба сарам мушт мебардошт, аз мӯйҳои дарозам кашола карда, сарамро ба девор мезад. Дашному ҳақорат ҳамеша ҳамроҳи латукӯб буд. Борҳо мехостам таркам кунад, вале ба хотири муҳаббат ва бо умеди он ки рӯзе ислоҳ мешавад, сабр мекардам. Худораҳматӣ хушдоманам инсони бисёр меҳрубон буданд ва маҳз эҳтироми эшон низ маро аз ҷудоӣ бозмедошт.
Бо гузашти солҳо соҳиби се фарзанд - ду писару як духтар шудем. Фикр мекардам, омадани фарзандон шавҳарамро масъулиятшинос мекунад, аммо иштибоҳ кардаам. Ӯ дар тӯли зиндагии муштаракамон се маротиба дар болои ман зан гирифт. Ҳангоми эътироз кардан бо бепарвоӣ мегуфт: «Ман мардак ҳастам, ҷавонам, ҳамаи мардҳо арӯс доранд».
Аз чунин суханҳо дилам месӯхт, вале барои фарзандонам боз ҳам тоқат мекардам. Дар ду ҷой кор мекардам, то онҳоро сер кунам. Дар ҳамин ҳол шавҳарам худро назди занҳои дигар шахси доро нишон дода, ба онҳо туҳфа мебурд, ба истироҳат мерафт ва зиндагии айшу ишрат мекард.
Зарбаи охирин вақте буд, ки як духтар дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба ман навишт. Ӯ худро зани шавҳарам муаррифӣ карда, гуфт, ки аз ӯ писарчаи сесола дорад ва боз ҳомиладор аст. Барои исбот ҳатто аксҳои якҷояи онҳо аз истироҳат дар Сафеддараро фиристод.
Он рӯз дигар косаи сабрам лабрез шуд. Марде, ки дар даҳ соли зиндагӣ барои ман ҳатто як либоси муносиб нахарида буд, бо зани дигар ба сайру саёҳат мерафт. Дар назди ӯ шарт гузоштам: ё зиндагии пинҳониашро қатъ мекунад ё аз ману фарзандонаш меравад. Ӯ роҳи дуюмро интихоб кард.
Имрӯз се сол мешавад, ки танҳо бо фарзандонам зиндагӣ мекунам. Рӯзгори мо осон нест, вале аз зиндагии пур аз таҳқиру хиёнат беҳтар аст. Дар ин се сол падари фарзандонам ҳатто як бор напурсидааст, ки онҳо чӣ мехӯранд ва чӣ мепӯшанд. На як ҷуфт ҷӯроб, на як дафтар ва на як сомонӣ барои онҳо фиристодааст.
Имрӯз аз хонандагон як савол дорам: оё чунин шахс ҳақ дорад худро падар номад? Ба назари ман, падар будан танҳо соҳиби фарзанд шудан нест. Падар касест, ки дар ғаму шодии фарзандаш шарик бошад, масъулияти онҳоро бар дӯш гирад ва барои ояндаи онҳо талош кунад...
МАРЗИЯ