Муҳаббат ва интиқом (ҚИСМИ 1)
1156

Зебунисо дар лаби дарё нишаста, ба об менигарист ва дар рӯйи оби зулол акси худро медид. Ӯ ҳозир ба як гунҷишкаки паруболкандаву хуншоршуда монанд буд, ки базӯр, афтону хезон худро ба лаби об расонидааст. Мехост аз он оби сард нӯшаду лабони аз ташнагӣ парсинбастааш тар шавад ва дили аз дарду ғам тафсидааш орому таскин ёбад.

Зебунисо худро чунон эҳсос мекард, ки гӯё даруни оташ асту месӯзад, сараш аз дард чарх мезанаду пеши чашмонашро тумани сиёҳ фаро мегирад. Боз дар пеши назараш симои бадқаҳри Олим намоён мешуд, ки аз боди май масту беҳуш ва афтону хезон, ба хоку лой ҷулида, ба пешаш меояд. Дар пеши пояш нишаста, ба зориву тавалло медрояд:

- Занакҷон, маро бубахш, охир, ман ҳама вақт бозиро мебурдам, вале ин дафъа туро дар бозӣ монда, мутаассифона, бой додамат. Розӣ шаву якшаба ба назди Аброри бангӣ рав. Ин сир байни ману ту мемонад. Наход ту нафаҳмӣ, ки ман дар ҳеч куҷо кор нкамекунам ва ба қиморбозӣ машғулам. Сари мастӣ туро ба онҳо пешкаш кардам. Зебунисоҷон, не нагӯй, хотири ду фарзандамон, охир, онҳо маро мекушанд.

Зебунисо аз ин суханони шавҳар, падари фарзандонаш ба даҳшат афтода, чӣ кор карданашро намедонист. Ҳатто маҷоли сухан гуфтан надошт. Фақат пуштнокӣ мерафту сарашро меҷунбонд. Вақте пушташ ба девори хунук расид, гӯё нав ба ҳуш омада бошад, сарашро боло карда, пурсид:

- Чӣ гуфтӣ? Ту мехоҳӣ, ки номуси зани худро ба дигарон бифрӯшӣ!? Ту мехоҳӣ, ки маро ҳамчун мол бдр бозор барорӣ!? Ман инсонам, модари фарзандонатам. Ту разил... ту…

Бо ин нидо хост аз дар берун барояд, вале Олим аз дасташ гирифта, маҷбурӣ ба ҳавлӣ кашид.

- Ба куҷо меравӣ? Дар вақташ худат думи маро гирифта бе тӯю тамошо зани ман шуда будӣ. Акнун ноз карда, аз гапи ман мебароӣ?

Ӯро зери лагад гирифт. Зебунисои аз дард ба фиғон омада чашми шавҳарро хато карда, ба кӯча давид. Хайрият, ки ин дам фарзандонаш дар хонаи модараш буданд. Дар поини ҳавлиашон дарё ҷорӣ мешуд. Ба лаби дарё ҷонҳавлона расид. Аммо ин дам Олими аз ақл бегона гашта аз пасаш давида, дарёбаш кард. Аз мӯйҳои майдабофти занаш кашида, кашолакунон ӯро ба хона бурданӣ шуд. Ҳавлии онҳо дуртар аз деҳа ҷойгир буду касе садои имдодталабонаи Зебунисоро намешунид. Вале ин сония Зебунисо аз дасти ӯ раҳоӣ ёфту гашта сӯйи дарё давид.

- Ман ба ту нафрат дорам, эй марди беномус! Агар ман мурам ҳам, арвоҳам туро то охири умр хуш зистан намемонад. Дар вақташ ба гапи падару модар гӯш накарда, аз паси ту омадам. Ана акнун сазоямро дида истодаам.

Олим боз ба сӯяш давида, аз дастонаш дошт.

- Ҳа, мурдан мехоҳӣ? Ана ба ту марг!

Олим ӯро бо шатта зада ба даруни оби равон тела дод. Зебунисо, ки аз хурди оббози моҳир буд, дар об ғӯттазанон поин рафтан гирифт. Олими маст якбора ҳушёр шуда, аз лаби дарё онтарафтар истод. Оби дарё аз қаҳру ғазаб меғуррид, нолааш ба навҳаю фиғони модаре монанд буд, ки аз марги фарзанд мӯю рӯй меканад. Баъди чанде боз дарё хомӯшу ором гардид.

Олим гумон кард, ки Зебунисо дар об ғарқ шуд. Ҳаросон ба хона баргашта, дасту рӯяшро шуст. Акнун ки ба худ омада буд, андеша мекард чӣ тавр ҳодисаи рухдодаро пинҳон сохта, дурӯғе гӯяд, ки падари бадҷаҳли Зебунисо бовараш кунад. Вагарна авлоди Зебунисо ӯро несту нобуд месозанд. Фикр карду оқибат нақша кашид, ки шом ба хонаи хусураш рафта, худро нодону бехабар вонамуд карда мегӯяд, ки «дина Зебунисо аз ман ҷавоб гирифта ба хабаргирии фарзандону шумо омада буд. Канӣ ӯ? Хавотир шуда ба суроғаш омадам».

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД