Муҳаббат ва интиқом (ҚИСМИ 12)
976

 

Баъди дуо хондан Муҳаббати фолбин ба Мавлуда нигариста, пурсид:

- Чаро худат бо ин парӣ будан мехоҳӣ?

- Намехоҳам…

- Ин парӣ аз ҷинси мард асту дар ҷисми ту ҷой гирифтан мехоҳад. Ту бошӣ, худат дилат кашол.

- Э не…

- Ту бояд иродаатро ба даст гирифта, сахт табобат ёбӣ, вагарна то охири умр аҳволат бад мешавад. Зеро одаме, ки бо парӣ ёр мешавад, оқибаташ ба девонагӣ расидан аст.

Ҳамин вақт Меҳринисо ба фолбин нигариста, нобоварона гуфт:

- Апа, наход ҳамин деву париаш рост бошад?

- Э хоҳар, ман замоне мисли шумо одами одӣ будам. Аммо баъди бо инҳо ёр шудан тамоман ақлам мисли коҳидагӣ гашт. Чӣ кор кунам, ки домонамро сар намедиҳанд. Вагарна ба ман пул даркор нест. Шукри худо, фарзандонам соҳиби коранд ва ба чизе эҳтиёҷ ҳам надорам. Ман аз касе то имрӯз пул ҳам талаб накардаам. Худам ҳам пеш ба ин чизҳо бовар надоштам. Аммо баъди сахт бемор шуда бистарӣ гардиданам чил рӯз таги парда будам ва ана ҳамон вақт ҳис кардам, ки париҳо ба ман ёр шуда, илми соҳириро бароям кушода истодаанд. Агар ман ин касабаро намегирифтам, шояд ин вақт рӯйи қабрам сабза медамид.

Муҳаббати фолбин суханашро ба анҷом расонида, ба куфу суф даромад:

… Маллапӯшҳо, ҳозир шавед,

Кулоҳпӯшҳо, ҳозир шавед,

Ҷандапӯшҳо, ҳозир шавед,

Кабудпӯшҳо, ҳозир шавед,

Саҳархезҳо, ҳозир шавед,

Арақрезҳо, ҳозир шавед,

Ҷавонмардҳо, ҳозир шавед,

Кашмирихон, ҳозир шавед,

Вақти мадад даст гиред,

Чилкокулон, ҳозир шавед,

Чилгазмӯён, ҳозир шавед.

Ӯ инро гуфту аз лаби доманаш риштаеро кашида гирифту гуфт, ки ин риштаро бо ҳазориспанд дуд карда, гирди сари Мавлуда ва баданаш се бор гирд гардонад.

Сипас Муҳаббати фолбин таъин намуд, ки ин навбат кафтари зиндаи сафедро барояш ҳозир кунанд. Меҳринисо вақтро ғанимат шумурда, пурсид:

- Апаҷон, як мушкили дигар дорем. Модари ин духтар, апаи ягонаи ман муддати зиёдест, ки бе ному нишон гум шудааст. Шавҳараш мегӯяд, ки гӯё ман ба хонаи падарам меравам гуфта, аз хона баромада, дигар барнагаштааст. Кормандони милиса то ҳозир дар кофтукобанд, аммо бенатиҷа. Гӯё ба замин фурӯ рафта бошад. Аммо дили ман мегӯяд, ки ӯ зинда аст.

- Аксашро овардӣ?

- Оре, ана дар акс миёна будагӣ занак апаи гумшудаи ман аст.

- Ку як бинам.

Муҳаббати фолбин ба акс нигаристу лаҳзае сукут кард. Сипас гуфт:

- Ин зан зинда аст. Дар лаби кадом даре гаштааст. Ҳозирашба ҳамин қадар пеши назарам омад. Ин дафъа ки омадӣ, бо худат ба замми дигар чизҳои таъин кардаам як либоси апаат ва хаси чорраҳаро биёр.

- Дили худам ҳам мегӯяд, ки ӯ зинда аст.

- Ин духтарро бошад, шабҳо назорат кун, то баромада наравад. Чунки париҳояш хеле боқувватанд. Онҳоро мағлуб карда натавонистам ин дафъа. Дафъаи дигар шояд қувватам расад.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД