Муҳаббати келин (ҚИСМИ 1)
843

Ромиз бо Шифо дар мағозаи Пайкар тасодуфан шинос шуданд. Як дидан кофӣ буд, ки ҳарду дар дил ҳис кунанд гӯё солҳост якдигарро мешиносанд. Пас аз чанд сухан рақами телефон доданд ва дӯстӣ оғоз ёфт, ки ба муҳаббати ҳақиқӣ табдил шуд.

Вале Ромиз ҳамеша каме ғамгин менамуд, гӯё чизе дар дилаш ниҳон бошад. Ӯ аз Шифо розе дошт, ки наметавонист бигӯяд. Мехост бигӯяд, ки модари бемор дорад, вале ҷуръат намекард. Метарсид, ки духтарак ӯро қабул намекунад. Зиндагии Ромиз осон набуд. Дар оилаи камбизоат ба воя расида буд, падар барвақт аз дунё рафта, модараш баъд аз марги шавҳараш ба бемории рӯҳӣ гирифтор шуд. Ӯ як хохари хурде дошт ва тамоми умеду бори зиндагӣ бар дӯши Ромиз буд.

Як шаби тира, вақте ки борон нарм меборид, ӯ назди тиреза нишаста буд. Телефонаш рӯшан шуд, паёми Шифо омад:

- Ромиз, чаро боз ғамгинӣ? Ман эҳсос мекунам чизеро пинҳон мекунӣ.

Ашк аз чашми Ромиз ҷорист, вале посух нанавишт. Ба утоқи модараш нигарист. Модар дар кунҷ нишаста, бо девор гӯё суҳбат мекард:

- Шарифҷон, кӯдакҳоят гуруснаанд...

Ромиз зону зад, дасти модарро гирифт:

- Модарҷон, ман дар ҳаминҷоям, падар кайҳо рафтааст.

Модар ба рӯяш нигарист, чашмонаш холӣ:

- Ту кӣ ҳастӣ?

Ашкҳои Ромиз ба рӯи дастони модар мерехтанд. Пас аз он шаб, ӯ ба Шифо занг зад.

- Ман бояд чизе бигӯям,- гуфт бо овози ларзон,- ман туро дӯст медорам, вале ман модари бемор дорам. Ӯ баъди марги падарам ҷунун гирифт. Ҳама чиз бар дӯши ман аст.

Шифо хомӯш монд, баъд гуфт:

- Чаро пештар нагуфтӣ? Метарсидӣ, ки ман туро камтар дӯст медорам?

- Бале, метарсидам,- гуфт Ромиз.

Шифо гуфт:

- Муҳаббати ҳақиқӣ намемирад. Ман бо туам.

Пас аз чанд рӯз Шифо хоҳиш кард, ки модари Ромизро бубинад. Ромиз аввал розӣ намешуд, вале ниҳоят ӯро бурд. Хонаи кӯҳна, деворҳои рахна, шамоли сард аз тиреза мегузашт. Модар рӯ ба девор менишаст. Ромиз гуфт:

- Модарҷон, меҳмон омад, ин Шифо аст.

Шифо бо эҳтиёт пеш рафт:

- Салом, модарҷон.

Модар баргашт, ба ӯ нигарист:

- Ту ҳамсари писарамӣ? Шариф, бин, писарамон калон шуд!

Ромиз бо гиря гуфт:

- Модарҷон, падар кайҳо рафтааст, манам, Ромиз!

Модар дасти ӯро гирифт:

- Соли нав наздик аст, падарат дар кор аст.

Шифо дигар тоқат накард, ба модар наздик шуд:

- Модарҷон, ассаллому алайкум, ман шуморо мисли модарам дӯст хоҳам дошт.

Модари Ромиз аз ин духтари ношинос тарсида, ба писараш нигоҳ кард. Ромиз бо ашк ба онҳо нигарист.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД