Муаллим хонандаро занад ё назанад?
12.10.2025
Oila.tj
65

Дар арафаи Рӯзи омӯзгор Прокурори шаҳри Левакант нисбат ба як омӯзгор бо иттиҳоми иҷро накардани уҳдадорӣ дар “таълиму тарбияи ноболиғ” парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Омӯзгор Фарҳод Назаров ном дошта, аз соли 2018 дар мактаби №4-и деҳаи Боҳтуробод аз фанни забони англисӣ дарс медиҳад.

Ин омӯзгор бо он гумонбар аст, ки хонандаи мактаб Меҳмед Бозорови 17-соларо латукӯб кардааст. Наздикони Бозоров иддао мекунанд, ки рӯзи 6-уми сентябр муаллим Фарҳод Назаров, омӯзгори забони англисии мактаби рақами 4-и ин шаҳр Меҳмедро латтукӯб кардааст ва ӯ 15 рӯз дар бемористон бистарӣ буд. Идораи маорифи ин шаҳр ҳодисаро тасдиқ кардааст, вале осеб дидани хонандаро рад кардааст. Гуфта мешавад, ки рафтори омӯзгор тибқи моддаи 174-и Кодекси ҷиноятӣ (Иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ) тафтиш мешавад. Ин модда аз 75 ҳазор сомонӣ ҷарима то ду соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Идораи маорифи шаҳри Левакант рӯзи 1-уми октябр дар саҳифаи “Фейсбук” навиштааст, ки “омӯзгор асабонӣ гардида, ба рӯйи хонанда як шаппотӣ задааст”, вале хонанда осеб надида, “пурра сиҳату саломат аст”.

Фарҳод Назаров ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ки Меҳмед Бозоровро барои “раванди дарсро вайрон карданаш задааст:

“Такаббурӣ мекард. Гапгардонӣ мекард. Ба мизи пеш бишин гуфтам, нанишаст. Қалам (ручка) надошт. Иҷозат гирифт, ки барои харидани қалам ба берун барояд, гуфтам, ки дарро напӯш, ҳаво гарм аст, синф буғ мешавад, вале дониста дарро басту рафт. Ман психолог-педагог ҳастам, медонам, ки чӣ кор бояд кунаму чӣ кор на, вале аз ҳад гузаронд. Барои ҳамин ба муаллимхона дароварда, задам”,- гуфт Фарҳод Назаров

Омӯзгор афзуд, “вақте ба муаллимхона даровардам, касе набуд, якто задам, баъдтар як муаллим омада, ӯро берун баровард. Дар берун чӣ гап шуд, хабар надорам. Вале ба фикрам, зарбаи задаам сахт набуд, ки сараш осеби ҷиддӣ бардорад”.

Ин қазия дар арафаи рӯзи омӯзгор боиси баҳсу мунозираҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд. Бархе рафтори омӯзгорро маҳкум мекунанд, бархеи дигар бар онанд, ки ба хотири як шаппотӣ муҷозоти омӯзгор дуруст нест.

Адиба АЗИЗЗОДА:

- Дар даври мо муаллимҳо мезаданд, дашном мекарданд, лек мо омада ба хона намегуфтем аз тарс, чунки худамон гунаҳкор будем. Лек дониши хуб гирифта калон шудем! Хатто дар кабинет портрети Ленин овезон буд мо боодоб мешиштем, ҳурмати Портрет, карда. Замоне шуд, ки муаллим ягон ҳуқуқ надорад, тарбия бояд волидайн тияду, савод муаллим, на ин ки тарбияву савод муаллим. Барои ҳамин муаллим дар мактаб намерсад.

Абдулло САИДОВ:

- Дар вақташ муаллимонамон моро мезаданд, вале хона омадам хабар намекашидем, чунки аз модарамон ҳам шатта мехӯрдем, ки чаро муаллимро гӯш накардед. Ина шукри Худо на мурдему на маъюб шудем. Муалим назанад талаба аз худ меравад. Бояд бача аз муаллим каме тарсад.

Салмон НУРАЛИЕВ:

- Як қиссаро нақл кунам, вақте бачама боғча мебурдам дар пеши дарвозаи боғча як волидайн чунон бераҳмона фарзанди 4 солаашро мезад, илоҳи тавба! Задани худашон наметобад дар чашмашон, лекин аз малимашон метобад. Бе гуноҳ малимшон намезанад.

Ҳасан САЛИМОВ:

- Таълим аз хона сарчашма мегирад, на аз мактаб. Муаллим бояд занад, бо сабаб албата! Лек муаллим ҳеҷ гоҳ намегӯяд, ки рав дуздӣ кун! Тарбияи муллим ҷойи аввал меистад. Муаллим гуноҳ надорад.

Некрӯз АКБАРОВ:

- Ин ҷо хатои калон аз падарҳо мегузарад. Вақте муаллим каме сахт дорад падарҳо дар мактаб ҳозиранд. Аммо дар вақти даркорӣ даъват кунӣ намеояд ё худсарона якбор ба дарси фарзандашон иштирок намекунанд. Аммо вақте як мушкил эҷод шавад, ҳамакаса ба сари омӯзгор ҳозиранд. Вақте фарзандат хабар меорад, болояш сахттар гӯшмол деҳ, ки гап бурда наорад. Тарбия ҳам баъзан роҳ дорад. Бо хубӣ нашуд, бо сахтӣ мешавад! Нӯшервони Одил ҳамту одил нашуд, аввал тарбияи мактаби муайянро гирифт.

Ин қадар беэътиноӣ то кай?

Масалан як моҳи пурраи дарс гузашт. Кадом падар мегӯяд, ман бе ягон даъват ба дарси фарзандонам дар як рӯз панҷ соат иштирок кардам. Нест ин гуна падар! Аммо камбудӣ, ки сар зад аз Аврупо хеста меоем...

Мирзо САФАРМАМАДОВ:

- Хоҷа дарёб, ки чон дар тани инсон адаб аст! Илтимос, омӯзгоронро гунаҳгор накунед! Ҳамон шогирд, бо касе, ки набошад, як сенария ташкил намуда нақш бозӣ намудаанд. Боварии комил дорам, ки дер ё зуд аз кардаи хеш пушаймон мешаванд. Омӯзгори бечораро гунаҳгор накунед! Илтимос! Бе ин ҳам беҳтарин кадрҳо соҳаи маорифро тарк кардаистодаанд.

Мирзораҳматов Ф.:

- Ҳамаи тарафҳоро мади назар гирифтан даркор баъзан қазоват кардан лозим аст:

1. ҚОНУН. Агар тафтишот сурат нагирад, қонун чӣ мешавад ва шояд рӯзе расад, ки талаба омӯзгоро мавриди латукӯб қарор диҳад, он замон чӣ мешавад?;

2. ОМУЗГОР. Бидуни омӯзгор ҳеҷ имконият надорем, омӯзгоронро дасгири кардан лозим аст.

3. ТАЛАБА. Вазъи рӯҳиву равонии талаба ҳам бояд ба назар гирифта шавад.

Содиқҷон ВОҲИДОВ:

- Қадри устод аз падар беш аст. В-аз падар устод дар пеш аст. Падарону модарони азизу гиромӣ! Ягон устод дар бадии ягон шогирди худ нест. Ҳар гуноҳе ҳаст аз ҷониби худи мост ва биёед устодро якҷоя дастгирӣ мекунем.

Рустам ҲАМИДОВ:

- Ҳеҷ кас ба муаллим ҳақи задани талабаро надодааст! Он муаллиме, ки талабаро мезанад бемор мебошад! Муаллими солим ин коро ҳеҷ вақт намекунад! Ин маллим дидаву дониста талабаро ба синфи муаллимон дароварда пинҳон аз чашми дигарон задааст. Чаро чунин муаллими қонуншиканро пуштибонӣ кунем?!

Абдуҷалил АХМЕДОВ:

- Ягон маротиба нашунидем, ки муаллимро барои сарзаниш кардани талаба ҷазо дода бошанд. Чунки муалим дилсӯз аст ва агар шогирдро зада бошад ин барои беҳбудии ояндаи ӯст.

Амин ҲАСАНОВ:

- Талаба боист бе чуну чаро талаби омӯзгорро иҷро кунад. Ин талаби тартибу интизом аст. Имрӯз дар мактаб тартибу интизомро вайрон кард, пагоҳ дар ҷои ҷамъиятӣ қонунвайронкунӣ мекунаду ба коркунони сохторҳои давлатӣ зидият нишон медиҳад. Баъд мо кофта мегардем, ки ин хелҳо аз куҷо пайдо мешаванд?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД