formula55
Муаррифии Тоҷикистон дар Португалия
535

5-7 июн дар доираи барномаи «Мактабҳои 2030» дар шаҳри Портои Португалия Форуми глобалӣ оид ба таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар доираи 10 давлат бо иштироки наврасон, омӯзгорон, мутахассисони соҳаи маориф, шарикони рушд ва намояндагони вазорати маориф аз кишварҳои барномавӣ баргузор гардид, ки  Тоҷикистонро дар форуми мазкур омӯзгори фанни химияи мактаби № 2-и ноҳияи Данғара Назокат Маҳмадиева муаррифӣ намуд.

Назокат Маҳмадиева дар  Форуми ҷумҳуриявии «Омӯзгори навовар», ки дар шаҳри Бохтар байни ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои лоиҳавии мамлакат гузаронида шуд, бо лоиҳаи «Хазинаи табиат» ғолибиятро ба даст оварда буд.

Номбурда бо ишғоли ҷойи якум дар ин Форум бо мукофоти пулӣ ва Диплом қадрдонӣ гардида,  роҳхатро барои иштирок  дар Форуми глобалӣ оид ба таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар шаҳри Портои давлати Португалия ба даст овард.

Назокат Маҳмадиева гуфт, ки «аз пешниҳод намудани лоиҳаи худ дар Форуми ҷаҳонии «Мактабҳои 2030» хело хушнуд шудам, зеро он имконият дод, то таҷрибаи худро бо омӯзгорони мухталифи ҷаҳон мубодила намуда, аз дигарон биомӯзам ва таҷрибаҳои мувофиқ ба  ҷумҳуриамонро  бо ҳамкоронам амалӣ намоям. Аз ин рў, миннатдории хешро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Лоиҳаи Мактабҳои 2030 барои чунин имконияти бузург баён менамоям».

Ин омўзгори тоҷик  дар сатҳи ҷаҳонӣ исбот намуд, ки омӯзгорони Тоҷикистон дорои донишу маҳорати баланди касбӣ буда, фаъолияти кориашон ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ аст ва шогирдонро бо истифодаи аз усулҳои муосири педагогикаю  психология таълиму тарбия медиҳанд. Ин аст, ки таҷрибаи пешқадами онҳо аз тарафи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар давлатҳои пешрафтаи дунё  эътироф мегарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД