arzon replenishment
Ҷамолиддин Абдуллозода аз Беморхонаи тиби анъанавии Чин боздид намуд
01.05.2025
Oila.tj
270

Дар идомаи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин имрӯз, дирӯз, 30-юми апрели соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз фаъолияти Беморхонаи тиби анъанавии Чин дидан карда, бо гиёҳҳои шифобахши ин кишвар шинос шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, Ҷамолиддин Абдуллозода дар муассисаи номбурда аз ҷараёни истеҳсол ва банду басти гиёҳҳои шифобахши Ҷумҳурии Мардумии Чин дидан ба амал оварда, ҳамзамон бо масъулин ва мутахассисони чинӣ суҳбат анҷом додааст.

Зимни суҳбат бо масъулини беморхонаи мазкур Ҷамолиддин Абдуллозода масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши рушди тиби халқӣ ва ба роҳ мондани истеҳсол ва коркарди гиёҳҳои шифобахш дар Тоҷикистонро баррасӣ намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД