arzon replenishment
МУБОРИЗ УСМОНОВ АЗ РОВИГӢ БА ОВОЗХОНӢ РӮ ОВАРД
1211

 

Ровӣ, ҳунарманд ва продюсери 27-солаи тоҷик Мубориз Усмонов клиптаронаи ҷадиди худро бо номи “Чаро” пешниҳоди ҳаводоронаш кард ва худро дар ҷодаи овозхонӣ санҷидан мехоҳад. Ин қисми аввали клиптарона буда, дар ояндаи наздик қисмати дувуми он низ нашр хоҳад шуд.

Шеър моли шоир Орзу Исоев мебошад ва оҳанг ба Шаҳбоз Носирҷонов, оҳангсози ӯзбек тааллуқ дорад. Бояд қайд кард, ки ин нахустин таронаи Мубориз Усмонов нест. Қаблан ҳам ӯ таронаҳои “Узри бисёр”, “Нозанинам”, “Ҳанӯз” ва “Духтарак”-ро сароида буд. Клиптаронаи “Чаро” дар иҷрои Мубориз Усмонов аз ҷониби тамошобин хуш пазируфта шудааст. Инро аз шарҳҳои зери тарона дар шабакаи YouTube пай бурдан мумкин аст, зеро ҳамагӣ таъриф кардаанду ба овозхон барори кору комёбӣ хостаанд. Чанд тан маслиҳат ҳам додаанд, ки ӯ бояд аз болои овозаш кор кунад, то дар оянда ноҷӯриҳо ҳис карда нашаванд. Мубориз Усмонов ҳунари нақшофарӣ низ дорад.

Ӯ дар филми мазҳакавии “Саргузашти Алишер”, ки аз ҷониби студияи “Суғдсинамо” рӯйи навор омадааст, нақш офарида, маҳорати худро нишон додааст. Дар чандин клипҳо низ нақшҳои асосиро иҷро кардааст. Ба як мард чил ҳунар кам аст, мегӯянд. Дар ҳақиқат Мубориз мардест, дорои чил ҳунар: ровигӣ, ҳунармандӣ, продюсерӣ, овозхонӣ ва ғайра.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД