Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд
Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки бо аҳли оилаи худ робитаи доимӣ дошта бошанд ва дар тарбияи фарзандон саҳми фаъол гузоранд.
Тибқи иттилои Шӯрои уламо, ин нуктаро ӯ рӯзи 15-уми октябр зимни мулоқот бо муҳоҷирони тоҷик дар яке аз масҷидҳои шаҳри Уфаи Русия баён кардааст.
Муфтӣ таъкид намудааст, ки дур будан аз оила набояд боиси кам шудани таваҷҷуҳи падару модар ба тарбияи фарзандон гардад. Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирон бояд бо ҳамсар ва фарзандони худ пайваста дар тамос бошанд, онҳоро роҳнамоӣ кунанд ва дар ташаккули ахлоқу рафтори неки онҳо саҳм гузоранд.
Ҳамчунин, Саидмукаррам Абдуқодирзода аз муҳоҷирон даъват кардааст, ки бо ҳамдигар муттаҳид бошанд, эҳтирому дастгирии якдигарро ба ҷо оранд, ахлоқи ҳамида дошта бошанд ва ризоияту дуои неки падару модари худро ба даст оранд.
Дар идомаи вохӯрӣ раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ба масъалаҳои садоқат ба давлату миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва эҳтироми забони модарӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.
Ӯ таъкид намудааст, ки нигоҳ доштани робитаи мустаҳкам бо оила, тарбияи дурусти фарзандон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ аз ҷумлаи масъулиятҳои муҳими муҳоҷирони тоҷик ба шумор мераванд.