Arzon march 2024
Муъҷизаи ишқ Қисми 2
20.01.2023
Дилошӯб
2077

                          Дидор

Баъди шаш моҳи тӯй волидонаш Шабнамро талбиданд, хушдоманаш иҷозат дод, ки як ҳафта дар хонаи волидонаш монад. Як рӯз дугонаи ҷамолакияш Фотима ӯро ба ҷону ҳолаш намонда, ба хонаашон бурд. Бегоҳ Шабнам аз хонаи дугонааш баргашта, дар танкӯча Шоҳинро дид, дасту пояш суст шуданду дар ҷояш истод…

Шоҳин бо нафрат ба ӯ нигариста, гуфт:

- Ишқи маро бо пулу мол иваз кардӣ?! Ман як моҳ пас ба Маскав меравам, мехонам, аз шавҳари ту дида пулдортар мешавам… Мисли падару бародаронат дар ишқи чиз рафта будаӣ!!!

Шабнам чизе гуфта натавонист, дар равоқи хотирааш як чиз сахт нақш баст, чашмони пури оби Шоҳин. Пас аз чанд лаҳзаи аз назараш нопадид шудани Шоҳин Шабнам ба худ омаду дар дил гуфт: “Худованд ба ту бахту иқболи сафед диҳад…”.

                    Дардҳои зиндагӣ

Дар як мижа задан аз зиндагии оилавии Акраму Шабнам панҷ сол сипарӣ шуд. Хоҳаршӯҳояш шавҳар карда, ба хонаҳои хеш рафтанд. Шавҳараш ба зинаҳои баландтари мансаб расид, аммо дарахти зиндагии онҳо бор намеовард. Акрам акнун ба вай лақаби дигар монда буд, гови сиёҳи қисир… Аз зебогии Шабнам осоре намонда буд. Ӯ лоғару сиёҳ ва бенигоҳубин буд, рӯзу шаб мисли чурӣ кор карданашро медонисту халос. Акрам бо ҳамон духтараки дӯстдоштааш, ки акнун падараш раиси вилоят буду худаш бо як фарзанд аз шавҳараш ҷудо шуда буд, мисли зану шавҳар зиндагӣ дошт. Зулола аз Акрам талаб мекард, ки аз баҳри зани «бӯйинаш» баромада, никоҳашонро қонунӣ кунад, вале волидони Акрам хизматгори беминнатро раҳо карданӣ набуданд. Кадом шабе, ки Зулола Акрамро бо ноз аз хона меронд, он гаҳ вой бар ҳоли Шабнам буд. Зеро бо ҳар баҳона ин марди чорпаҳлу занашро зери мушту лагад мегирифт, хушдомани золим ба ҷойи келини хизматгорашро пуштибонӣ кардан дарашро аз дарун қуфл зада, бепарво сериол медид. Шабнам аз падару бародаронаш хафа ки буд, ҳаргиз ба онҳо шикоят намебурд. Зулми Акрамро хомӯш таҳаммул мекарду бо ашки шашқатор канизияшро идома медод…

                    Мурдаи аз гӯр берун

Як шом Акрам барои писарчаи Зулола туҳфаҳо харида, назди маъшуқааш рафт. Зан дарро ба рӯяш накушода, гуфт:

- Аввал беваи қоқи сиёҳатро талоқ деҳ, баъд назди ман биё, ба ман таги табақ даркор нест! Хоҳӣ, ҳамин, нахоҳӣ, ман шавҳар мекунам…

Акрами аз ҷаҳл девона ба хона омада, Шабнамро машғули тунук кардани зувола дид. Ӯ Акрамро дида, гуфт:

- Хайрият барвақт омадед, манту мепазам…

Акрам тираки дар назди суфра бударо бардошта, ба фарқи сари занаш зад. Шабнам беҳушу ёд рӯйи фарш афтод. Пас аз хунравии зиёд хусураш ӯро ба духтур бурда, гуфт, ки аз болои нардбон афтодааст.

Пас аз талоши зиёди духтурон Шабнам каме ба худ омад. Ба зӯр гап мезад. Ӯ аз падару бародари калонияш, ки ба хабаргирияш омада буданд, хоҳиш кард:

- Маро ба хона баред, дигар ба он ҷаҳаннам рафтан намехоҳам…

                Падараш хунсардона гуфт:

- Духтарам, мо эшонзодаем, барои мо нанг аст, ки духтарамон аз шавҳараш ҷудо шавад. Ҳеҷ гап не, розӣ шав, домод зан гирад, аз шумо фарзанд намешудааст. Ту хизмати хусуру хушдоманатро карда гард…

Шабнам дигар чизе нагуфт… Баъд аз ин ҳодиса Акрам ба таври расмӣ аз вай ҷудо шуда, бо Зулола аз қайди никоҳи давлатӣ гузашт. Келини нав на хусуру хушдоманро назараш мегирифту на хоҳаршӯҳояшро. Акнун хоҳарони шавҳараш ба янгаи меҳнатрӯзияшон меҳрубон гашта буданду сояи бародарро аз девор метарошиданд. Хоҳаршӯйи калониаш ваъда дод, ки ин дафъа писар зоида, ба янгааш медиҳад. “Мо туро хор шудан намемонем”,- бо як овоз мегуфтанд хоҳарони шавҳараш.

Акрам гоҳ-гоҳе ба хона омада мерафту халос. Шабнам аз латукӯби шавҳар халос шуда бошад ҳам, дарди сар азобаш медод. Боз ба дарди дил низ гирифтор гашта буд. Як шом ӯ беҳуш шуда афтод, хусураш келини меҳнатрӯзияшро ба беморхона бурд…

                          Гардиши аём

Шабнам бист рӯз беёд буд, хусураш ӯро ба пойтахт бурд, беҳтарин табибонро даъват карданд. Табиби миёнсоли айнакие хулосаашро чунин баён кард:

- Захми куҳнаи аз мавзеи мағзи сараш бардошта оҳиста-оҳиста ӯро ба чунин ҳол овардааст. Мо тамоми кори аз дастамон омадаро мекунем, аммо гумон мекунам, ки бемор ба ҳуш наомада, вафот мекунад.

Акрам аз тарси Зулола ҳатто ба аёдати Шабнам наомад. Бародаронаш меомаданду мерафтанд. Танҳо хоҳаршӯи калонияш, ки шавҳараш тоҷир буд, барои ҳаёти Шабнам мубориза мебурд.

Шоҳин донишгоҳи иқтисодиро дар Маскав хатм карда, дар бонки шахсии падари як ҳамсабақаш ба кор даромада, маоши хуб мегирифт. Ҷавони хубу боинтизом ки буд, барояш ҳама шароитро фароҳам оварда буданд. Ӯ дар хонаи холии сардораш зиндагӣ карда, пули ёфтаашро ҷамъ мекард, то дар Маскав соҳиби хона шавад. Ғайр аз кори асосияш корҳои иловагии дигар низ дошт, ки музди онро ба хоҳару модараш мефиристод. Хоҳараш дар донишгоҳи омӯзгорӣ ғоибона таҳсил намуда, дар мактаби деҳа муаллима буд. Модараш пули аз фурӯши меваи боғ ёфтаашро бо пули фиристодаи писараш якҷоя карда, хонаю дарашро таъмир намуд ва бисёр мехост Шоҳинро хонадор намояд, аммо ҷавон корро кашол медод… Ҳамон шабу рӯзи дар беморхона миёни маргу зист қарор доштани Шабнам, Шоҳин ба Тоҷикистон омад. Мехост шаступанҷсолагии зодрӯзи модарашро дар ҳалқаи хешу табор пешвоз гирад. Рӯзи маърака Шоҳин хабари бемори вазнин будани Шабнамро шунида, ғамгин шуд, зеро то ҳол ӯро фаромӯш накарда буд. Аз чашми модар ошуфтагии писар пинҳон намонд ва пас аз рафтани меҳмонҳо ҳамон рӯзи омадани Шабнам ва зиндагии талхи ӯро ба ӯ нақл кард…

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД