Дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест-2025” имрӯз Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазири иқтисод ва дороии Эрон Сайид Алӣ Маданизода ва котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Татяна Молчан мулоқот намуданд.
Зимни суҳбат бо вазири иқтисоди Эрон, ҷонибҳо аз густариши муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карданд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ба тавсеаи бештари ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо кишвари Эрон ҳавасманд аст. Президенти мамлакат қайд карданд, ки дар соли 2024 гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Эрон ба 380 миллион доллар расид ва изҳори умедворӣ намуданд, ки ин рақам дар ояндаи наздик ба 500 миллион доллар ва аз он бештар низ хоҳад расид.
Президенти Тоҷикистон зимни дидор бо Татяна Молчан масъалаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо ва мавзуи марбут ба мубориза бо тағйирёбии иқлимро баррасӣ намуданд.