Commerce bank may-june 2026
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Масъуди Пизишкиён
03.07.2026
Oila.tj
82

Имрӯз, 3-юми июл дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намудаанд.

Дар оғози суҳбат Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба роҳбарият ва мардуми дӯсти Эрон дар робита ба шаҳодати собиқ Раҳбари олии ин кишвар Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ изҳори тасаллият кардаанд.

Зимни суҳбат аз раванди рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ карда шудааст. Фаъолияти босамари Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ҳамчун василаи муҳими робитаҳои иқтисодиву тиҷорӣ таъкид гардидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД