formula
Мулоқоти роҳбарияти вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистону Туркманистон пешбинӣ шудааст
182

 

Иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон таҳти роҳбарии муовини аввали вазири фарҳанги Туркманистон Нурсахад Ширимов ба Тоҷикистон омадаанд.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги кишвар, дар доираи рӯзҳои фарҳангӣ мулоқоти роҳбарияти вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Туркманистон пешбинӣ шудааст.

Тибқи барнома, ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон ва консерти устодони санъати Туркманистон 3-юми апрел, соати 16:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад. Ҳамчунин дар ҳошияи ин рӯзҳо 4-уми апрел, соати 10:00 ифтитоҳи намоиши мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир мешавад.

Дар идомаи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон 4-уми апрел барномаи муштараки консертии устодони санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон - «Шоми дӯстӣ» дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» доир мегардад.

- Иштирокчиён рӯзи 5-уми апрел ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, барномаҳои фарҳангӣ баргузор менамоянд,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД