35 years of independency
Муноқишаи эҳтимолӣ дар мактаби №128-и Душанбе пешгирӣ шуд
23.09.2026
Oila.tj
80

Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №128-и шаҳри Душанбе миёни чанд ноболиғ муноқишаи эҳтимолии гурӯҳӣ пешгирӣ карда шуд.

Тибқи иттилои мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони самти кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо мусоидати масъулини муассисаи таълимӣ ин ҳолатро сари вақт пешгирӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, ки чанд ноболиғ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бар асари баҳси ночиз бо ҳамдигар муноқиша карда, қасд доштаанд баъди анҷоми дарсҳо вохӯрда, ҷанҷол кунанд. Яке аз ноболиғон ҳатто аз хона корд гирифта, онро ба мактаб овардааст.

Ҳангоми гузаронидани санҷиш кормандони милитсия кордро дар назди ноболиғ ошкор ва мусодира кардаанд.

Дар робита ба ин ҳолат нисбати волидони ноболиғон тибқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Ҳамчунин бо ноболиғон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудаанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъкид мекунанд, ки чунин ҳолатҳо миёни ноболиғон метавонанд ба оқибатҳои ҷиддӣ оварда расонанд ва назорати волидон ва масъулини муассисаҳои таълимӣ дар пешгирии онҳо муҳим мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД