35 years of independency
Мунтахаби бокси Тоҷикистон ба Ҷопон сафар кард
14.09.2026
Оила
46

Мунтахаби бокси Тоҷикистон ба Ҷопон сафар кард

Шоми 13-уми сентябр ҳайати мунтахаби бокси Тоҷикистон барои иштирок дар ХХ Бозиҳои Осиёӣ ба Ҷопон сафар намуд.
Бозиҳои Осиёӣ-2026 аз 19 сентябр то 4 октябр дар шаҳрҳои Айчи ва Нагояи Ҷопон баргузор мешаванд. Дар ин мусобиқа варзишгарони 45 кишвари қораи Осиё иштирок мекунанд.
Ҳайати Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиёӣ 107 варзишгар ташкил медиҳад. Аз намуди бокс кишварро 10 муштзан — шаш мард ва чор зан — намояндагӣ мекунанд.

Миёни мардон:

- Меҳроҷ Суфиҷонов — 55 кг;
- Акмал Убайдов — 60 кг;
- Шамшер Саидов — 70 кг;
- Некрӯз Салимов — 80 кг;
- Парвиз Каримов — 90 кг;
- Муҳаммад Аброриддинов — +90 кг.

Миёни бонувон:

- Фариза Ёқубова — 51 кг;
- Бибинишастамо Холова — 54 кг;
- Миҷгона Самадова — 60 кг;
- Малика Нозимова — 65 кг.

Миҷгона Самадова дар ин мусобиқаи қоравӣ парчамбардори ҳайати Тоҷикистон мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД