sebiston july new
Муоинаву муолиҷаи ройгон дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон
450

Хонандагони зиёди сомона дар ҳошияи оғози нишастҳои хабарии вазорату идораҳо бо ироаи номаву саволҳо пурсиданд, ки дар баробари табобату ҷарроҳии ройгон дар Вазорати тандурустӣ дар Донишгоҳи тиббӣ низ чунин имтиёз аст?

Барои посух додан ба чунин саволҳои хонандагон, имрӯз хабарнигори сомона аз ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино пурсид, ки кадом бемориҳо дар донишгоҳ табобат мешаванд ва киҳо ҳуқуқи табобати ройгонро доранд?

Маҳмадшо Гулзода, ректори ин муассисаи олии таълимии кишвар, гуфт, дар назди донишгоҳ Маркази таълимӣ - клиникии “Стоматология” амал мекунад. Ин даргоҳ фаъолияти худро аз соли 2007 оғоз намуда, дар баробари тайёр намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ, инчунин, барои такмили маҳорати касбӣ, истифодаи мақсадноки таҷҳизоти стоматологӣ, расонидани хизмати тиббӣ аз рӯи ихтисос ба муроҷиаткунандагон низ корҳои назаррасро ба сомон мерасонад.

"Дар марказ тамоми корҳои табобатие, ки дар соҳаи стоматологияи муосири дунё истифода мешаванд, роҳандозӣ карда шудааст ва он бо таҷҳизотҳои ҳозиразамон таъмин аст. Ин даргоҳ соле қабл аз таъмири капиталӣ бароварда шуд", - гуфтанд масъулини он.

Таъкид гардид, ки дар марказ кафедраҳои стоматологияи ортопедӣ ва муоличавӣ пурра, кафедраҳои стоматологияи кӯдакона ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй қисман ҷойгир шудаанд. Фаъолияти ҳуҷраҳои рентгенӣ, физиотерапевтӣ, тамизгардонӣ кори устодонро осон гардонида барои сари вақт ташхиси дуруст мондан ва табобати муфид намудан мусоидат менамояд. Дар ҳама ҳуҷраҳо камераи нигоҳдории асбобҳои тамизшуда гузошта шудааст, ки ин барои бехатарии сироятӣ муҳим аст.

Гуфта шуд, ки маркази мазкур дар баробари баланд бардоштани савияи таълими донишҷуён ва магистрҳову тайёр намудани мутахассисони илмӣ-педагогӣ ба иҷро намудани корҳои муолиҷавию машваратӣ ва гузаронидани ҷарроҳиҳои пластикии гурда ва роҳҳои пешобдон машғул аст.

“Онҳое, ки аз оилаҳои камбизоатанд, бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда аз мақомоти дахлдор метавонанд ба таври ройгон аз хизматрасониҳои стомотологии марказ истифода баранд”, - гуфт ректори донишгоҳ.

Ҳамзамон, мавсуф таъкид кард, ки ҳар ҳафта дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рӯзҳои сешанбею шанбе қабули шаҳрвандон доир мегардад. Дар ҷараёни қабул бемороне, ки аз оилаҳои камбизоту нодоранд, муоинаву ташхис ва ҳатто ҷарроҳии ройгон карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД