Arzon march 2024
Муҳоҷири тоҷик хонаи сарояндаи машҳури русро ғорат карду...
5293


Дар шаҳри Маскав як муҳоҷири меҳнатии тоҷик бо гумони ғоратгарӣ ба чанг афтодааст.

Умед Ҷабборов дар авбошӣ ва бо роҳи таҳдиду зӯрӣ аз ҳамсари бевамондаи сароянда ва оҳангсози машҳури рус Александр Градский-Марина Коташенко рабудани 100 миллион рубли русӣ гумонбар дониста мешавад.
Тавре ки расонаҳои русӣ менависанд, шаҳрванди Тоҷикистон Умед Ҷабборов аллакай гуноҳашро ба гардан гирифта, иқрор шудааст, ки ин ҷиноятро чаҳор нафар содир намуданд ва аз 100 миллион рубли ғорат кардаашон ба ӯ танҳо 10 миллион рубл додаанд.
Ба иттилоъи Лента. ру дар ин ҷиноят ба ғайр аз чаҳор ҷинояткор яке аз хизматгорони Марина Коташенко низ даст доштааст. Маҳз ҳамин шахс, ки зодаи Тоҷикистон буда, дар хонаи ин ҳунарманди машҳури рус хизматгорӣ мекардааст, баъди марги Александр Градский дар бораи мавуд будани пули калон дар хонаи берун аз шаҳрии сароянда ба ин гурӯҳи ҷиноӣ хабар додааст.
Ғоратгарон бисёр маккорона рафтор намуда, рӯй додани садамаи нақлиётиро саҳнасозӣ мекунанд ва бо ҳамин баҳона ба мошини Марина Коташенко мешинанд. Пас аз нишастан ба мошин онҳо ба гулӯи зан яроқ монда, бо роҳи таҳдиду зӯрӣ маҷбур мекунанд, ки мошинро рост ба манзили берун аз шаҳриашон биронад. Аз тарси ҷон ҳамсари сарояндаи машҳур тамоми пули дар хона бударо, ки 100 миллион рубли русӣ будааст, ба онҳо медиҳад, вале ғоратгарон бо ин ҳам иктифо накарда, Марина Коташенкоро маҷбур мекунанд, ки бо мошини худаш онҳоро дубора ба шаҳр барад. Пас аз расидан ба ҷойи даркорӣ ғоратгарон ба як “Мерседесс”-и сафед нишаста мераванд.
Тавре ки ТАСС менависад, адвокти Умед Ҷабборов ба муфаттишон гуфтааст, ки зерҳимояаш дар ин гурӯҳ танҳо вазифаи ронандагиро иҷро карда, ба гӯлуи Марина Коташенко ягон хел яроқ нагузоштааст. Ба гуфти адвокаташ ин корро се аъзои дигари гурӯҳ кардаанду Умед Ҷабборов танҳо ба сифати ронанда онҳоро бо мошин то манзили зан бурдааст, аммо...
Худи Умед Ҷабборов иқрор шудааст, ки аз 100 миллион рубли ғорат шуда ба ӯ 10 миллион рубл доданд ва аз ҳамин пул ба ду миллион рубл мошини тамғаи “Toyota Camry” харида, мехост ба Самара равад, вале баъдан аз фикраш гашта дар Маскав монд.
Умед Ҷабборов дар ҳоле дастгир шудааст, ки аз шиносҳояш дар бораи чи гуна гузаштан аз сарҳад маслиҳат пурсида, роҳи бехатари бозгашт ба Тоҷикистонро меҷуст.
Ҳодиса рӯзи 16-январ сар зада, айни замон Умед Ҷабборов дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ дигар аъзоёни гурӯҳро ҷустуҷӯ карда истодаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД