Formula novemver 2024
Мурдаро чӣ тавр мешӯянд?
1010

 

Мегӯянд, ки шустани маит қоидаву ниятҳои хоси худро дорад. Хоҳишмандам нозукиҳои шустани мурдаро тариқи газета бигӯед, то ба хатогӣ роҳ надиҳем.

Сафар Азизов, ш. Кӯлоб.

 

Ҷавоб

Равиши шустани майит чунин аст: Қабл аз ғусл тахти майит ба хотири эҳтиромӣ бо васоили хушбӯ муаттар карда мешавад, сипас майитро ба рӯи тахт ба пушт ва ё ҳар тариқе, ки барои ғассол (шӯянда) осонтар бошад, мегузоранд. Майит, агар болиғ бошад, пеш аз ғусл ӯро вузӯ медиҳанд, вале кӯдаки ба синни ақлу тамиз нарасида бошад, фақат ғусл дода мешавад. Вузӯ додани майит бе мазмаза (шустани даҳон) ва истиншоқ (шустани бинӣ) сурат мегирад, зеро дар дохил кардани об ба даҳону бинии майит ва хориҷ намудани он машаққат пеш меояд, ба ҳамин иллат мазмаза ва истиншоқ соқит мегардад. Кӯтоҳ кардани мӯи лаб ва гирифтани нохуни майит, тоза кардани мӯи зери бағал ва зери ноф, шона кардани мӯи сару риши ӯ низ соқит мегардад, яъне ин амалҳо барои майит анҷом дода намешаванд.

Ғусли майитро аз тарафи росташ шурӯъ мекунанд, зеро аз ҷониби рост оғоз кардан суннат аст. Тарафи рости майитро се бор об рехта мешӯянд, сипас ба ҷониби рост гардонда, тарафи чапашро низ се бор об рехта мешӯянд. Баъди шустани ду ҷониб майитро мешинонанд ва нафаре ӯро такя мегираду шикамашро бо нармӣ молиш медиҳад, агар чизе аз ӯ хориҷ шавад, онро мешӯянд, вале такроран ғусл намедиҳанд. Пас аз ин бадани майитро бо порчае хушк мекунанд.

Майитро бо обе, ки дар он барги гиёҳи сидр ё ушнон андохта шудааст, шустан лозим аст, агар чунин барги гиёҳ пайдо нашуд, ба оби софе, ки ба он гиёҳи хитмӣ (яъне ғармаш, ки гиёҳи хушбуй буда, ҳамчун собун дар пок сохтани аъзо ба кор бурда мешавад) омехта карда шудааст, ӯро ғусл медиҳанд.

Майит мард бошад, бояд мардҳо ӯро ғусл диҳанд, агар зан бошад, ӯро занҳо мешӯянд. Майит писарбачаи хурдсоли ноболиғ бошад, занҳо метавонанд ӯро бишӯянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД