35 years of independency
Муҳри “Янгаи Меҳрубон”
06.09.2026
О. НОЗИР
45

30-юми августи соли равон Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саодат Азизова 75-сола шуд. Аз ин беш аз 50 соли умри ӯ бо саҳна пайванд аст: Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри мазҳакаи мусиқии Кӯлоб, Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, Театри «Аҳорун», телевизион, синамо, донишкадаи санъат, коргардонӣ ва пажӯҳиши таърихи театр...

Фарзанди Тоҷикистон

Саодат Азизова 30 августи соли 1951 дар Панҷакент ба дунё омадааст. Падараш Абдуқаҳҳор Азизов корманди прокуратура ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Ба сабаби кори падар оилаи серфарзанд зуд-зуд аз як минтақа ба минтақаи дигар мекӯчид. Саодат синфи якумро дар Шаҳритус хонд, баъдан дар Ғарму Комсомолобод таҳсил кард ва ниҳоят дар Данғара номаи камол гирифт. Дар оила ҳашт фарзанд - ду писару шаш духтар буданд.

Ин кӯчбандиҳо, ки барои модар мушкил ва барои фарзандон бештар ба як саёҳат монанд буданд, дар ташаккули ҳунарии Саодат нақши худро гузоштанд. Ӯ дар ҳар минтақа лаҳҷаи мардумро мешунид, одат, гуфтор, хислат ва муносибати одамонро медид. Барои ҳунарпешае, ки баъдтар маҳз бо образҳои характернок шинохта шуд, чунин захираи мушоҳидаҳои даврони кӯдакӣ муҳим буданд.

Дар хона мактаби аввалини забону фарҳанг модар буд. Модараш омӯзгор ва зодаи Самарқанд буда, бо забони адабии ширин ҳарф мезад. Саодат мегӯяд, ки маҳз аз ӯ забони дурусти адабиро омӯхтааст. Модар фарзандонро ҳатто пеш аз мактаб бо алифбои ниёгон ошно карда буд.

Падар мехост Саодат ҳуқуқшинос шавад. Хислати ошкорбаёнӣ ва ҳақиқатгӯии духтар ба назари ӯ барои ин касб мувофиқ менамуд. Вале Саодат роҳи худро аллакай интихоб карда буд...

Мактаби бузургони театр

Вақте дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе факултети санъат таъсис ёфт, барои Саодат роҳ ба саҳна боз шуд. Ӯ ба гурӯҳи дуюми актёрии донишкада дохил гардид. Ин гуруҳро устодони номвар аз қабили Муҳаммадҷон Қосимов, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Тамара Абдушукурова, Хушназар Майбалиев, Аскар Абдураҳмонов, Тӯрахон Аҳмадхонов, Аҳмадҷон Қодиров, Марям Исоева, Қимматшо Ҳимматшоев ва Маҳмудҷон Воҳидов дарс медоданд. Ҳамкурсонаш Фаррух Қосимов, Сабоҳат Қосимова, Баҳодур Миралибеков, Шералӣ Абдулқайсов ва Латофат Барзиева баъдан устодони ҳунар шуданд. 

Ҳанӯз донишҷӯ буд, ки ба ӯ нақшҳои ҷиддӣ медоданд. Гулнор дар «Дохунда»-и Садриддин Айнӣ, Лизочка дар «Камбағалӣ айб нест»-и Александр Островский ва Арсета дар «Моҷаро дар Кёҷа» аз нахустин образҳои саҳнавии ӯ буданд.

Ҳатто аз «Мосфилм» ва «Ленфилм» барои нақшҳои марказӣ пешниҳодҳо гирифтааст, вале устодон намехостанд донишҷӯ барои моҳҳо аз дарс дур монад.  

Дар Кӯлоб

Соли 1973 ӯ бо роҳхат ба Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ омад. Ин ҷо мактаби дигар оғоз шуд - мактаби саҳнаи касбӣ, интизом ва меҳнати шабонарӯзӣ. Намоишҳо то дергоҳ идома мекарданд ва баъди поёни спектакл низ актёрон машқ мекарданд.

Вале баъди 5 соли фаъолият Саодат Азизова Театри Лоҳутиро тарк кард. Сабабашро дар яке аз мусоҳибаҳо чунин шарҳ додааст:

“Намоиши Рӯдакӣ буд. Дар он мо рақс мекардем – ман, Гуландом Сафаралиева, Майя Камолова, Майрам Турсунова. Ҳар дафъа дар паси саҳна ғавғо мешуд. Баъди як сафари ҳунарӣ гуфтем, ки дигар рақс намекунем. Устодам Хушназар Майбалиев гуфт: “Агар шогирди ман бошад, рақс намекунад”. Коргардон Аслӣ Бурҳонов розӣ нашуд. Ман принсип мондам ва ариза навиштаму рафтам.”

Ҳамин тавр, соли 1977 ӯ ба Театри мазҳакаи мусиқии Кӯлоб рафт, зеро дӯстони ҳунармандаш – Мирзоватан Миров, Бобоҷон Ҳасанов ва Салим Муқим дар ин театр кор мекарданд. Чун актриса кам доштанд, Саодатро даъват карданд ва дар Кӯлоб ба ӯ хона ҳам доданд... 

Баъдан ӯ як муддат дар Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҳам фаъолият дошт.

Муҳаббат ва фоҷиа

Салим Муқимовро ҳанӯз аз солҳои донишҷӯӣ мешинохт. Дар Кӯлоб онҳо якҷо рӯйи саҳна мебаромаданд. Дар «Русалка»-и Пушкин Салим шаҳзода буд, Саодат парии обӣ ва духтарашон дар саҳна парии обии хурд. Онҳо ҳамагӣ шаш сол зиндагии муштарак доштанд. Саодат ҳанӯз тақрибан сисола буд, ки Салим ногаҳон даргузашт. Он вақт як писар дошт ва фарзанди дигарашро интизор буд. Писари хурдӣ баъди марги падар ба дунё омад ва модар ӯро ба ёди ҳамсар Салимҷон ном гузошт. Аз ҳамон рӯз ҳунарпешаи ҷавон бояд ҳам модар мебуд, ҳам падар ва ҳам ноновари хона.

Даҳ соли дигар дар хобгоҳ зиндагӣ кард. Барои таъмини рӯзгор ҳатто саҳарҳо фарш мешуст ва маблағи иловагӣ мегирифт. Аммо намехост касе ӯро бечораву муҳтоҷ бинад. Дар мусоҳибааш як ҷумла мегӯяд: «Ҳаргиз дасти ниёз дароз накардам».

Ғамашро ҳам аз фарзандон пинҳон мекард. Вақте ҳис кард, ки андӯҳи модар метавонад онҳоро ноумед кунад, дигар дар пеши фарзандон ашк нарехт. Шабона кӯрпаро ба сар мекашиду танҳо мегирист.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ театрро тарк накард. Пиёда ба кор мерафт, гоҳе нони қоқ мехӯрд, гоҳе гурусна мемонд, аммо саҳнаро тарк накард, театр барои Саодат Азизова паноҳгоҳ ҳам буд.

Чордаҳ соли «Аҳорун»

Яке аз муҳимтарин марҳалаҳои эҷодиаш бо номи Фаррух Қосимов ва Театри «Аҳорун» пайванд дорад. Дар оғози солҳои 1990 Фаррух Қосимов гурӯҳи ҳунармандонро гирд овард ва театре сохт, ки баъдтар аз марзҳои Тоҷикистон берун рафт. «Аҳорун» бо забони рамзӣ, фалсафаи Шарқ, шеър, мусиқӣ ва бознигарии мероси классикии форсу тоҷик мактаби тозаеро дар саҳнаи минтақа пешниҳод кард.

Саодат Азизова 14 сол дар ин театр кор кард. Бо «Аҳорун» ба Эрон, Фаронса, Белгия, Ҳолланд, Лаҳистон, Русия ва кишварҳои дигар сафар намуд. Намоишҳои «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон», «Исфандиёр», «Даҷҷол», «Шайх Санъон», «Шоҳ Фаридун», «Зардушт» ва «Шоҳ Лир» театри тоҷикро ба фестивалҳои байналмилалӣ бурданд.

Гарчанде ба Саодат Азизова дар ин театр нақши марказӣ намерасид, бо вуҷуди ин, ӯ  «Аҳорун» ва Фаррух Қосимовро бо эҳтироми махсус ёд мекунад. “Ӯ коргардоне буд, ки – мегӯяд, ӯ - дар саҳна «нақш бозидан»-ро ба «зиндагӣ кардан» табдил дода буд”.

Ва маҳз дар «Аҳорун» яке аз бузургтарин муваффақиятҳои актёрии ӯ ба даст омад.

Нақши Зани осиёбон дар «Марги Яздигурд»-и Баҳром Байзоӣ. Дар Фестивал-озмуни «Парасту-1999» барои ҳамин образ ҷоизаи «Беҳтарин нақши занона»-ро гирифт ва баъдан соҳиби унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон гардид.

Ҳунарпешае, ки худро худаш сохт

Дар ҷавонӣ орзу дошт Офелия ё Ҷулйетта шавад. Аммо коргардонҳо ин гуна нақшҳоро ба ӯ надоданд. Ба ҷояш бештар образи занҳои сахтгир, мураккаб ва манфӣ насибаш мешуданд. Ин маҳдудият метавонист як актрисаро бишканад. Саодат Азизова бошад, онро ба сабки худ табдил дод. «Худам худамро ҳунарпешаи хислатофар сохтам», - мегӯяд ӯ. Зеро аҳли ҳунар медонанд, ки бозидани  образи манфӣ назар ба қаҳрамони мусбат душвортар аст. Актёр бояд сабаби бадии персонажро ёбад, рафтору гуфторашро биомӯзад ва ҳатто аз зишт шудан дар саҳна натарсад.

Қуллаи шуҳрати оммавии ҳамин навъи нақшофарӣ «янгаи Меҳрубон» шуд.

Дар силсилафилми «Дар орзуи падар» ӯ янгаи сахтгир ва золими Меҳрубонро чунон табиӣ офарид, ки мардум ҳунарпешаро бо қаҳрамонаш омехта карданд. Ҳатто зани ширфурӯше боре ба ӯ шир фурӯхтан намехост, зеро аз рафтори янгаи Меҳрубон ранҷида буд.

Барои табиӣ баромадани муносибати янга бо Меҳрубон, Саодат Азизова ҳангоми наворгирӣ ҳатто бо иҷрокунандаи нақши Меҳрубон - Беҳрӯзи Саид - қасдан кам суҳбат мекард, то сардии муносибат дар экран сохта набошад. «Янгаи Меҳрубон барои ман як муҳр шуд» - гуфтааст ӯ. Муҳре, ки ҳам ҳунарпешаро машҳур кард ва ҳам то андозае дигар нақшҳои бузурги ӯро аз назари тамошобини оммавӣ пинҳон намуд.

Хотироти театрӣ

Саодат Азизова танҳо нақш наофарид. Ӯ курси махсуси актёриро роҳбарӣ намуда, аввал барои Театри Данғара ҳунармандони ҷавонро тарбия кард. Аз миёни даҳҳо довталаб гурӯҳ интихоб намуд ва маҳорати актёрӣ омӯзонд. Намоиши «Рустам ва Сӯҳроб»-и Ғанӣ Абдулло яке аз аввалин корҳои ин гуруҳ гардид. Баъдан барои Театри Лоҳутӣ низ гурӯҳи шогирдон тарбия кард.

Хизмати дигари Саодат Азизова ҳифзи таърихи театри Лоҳутӣ мебошад. Ӯ нахуст музейи Театри Лоҳутиро бунёд кард. Баъдан дар Телевизиони Тоҷикистон барномаи «Дар масири ёдҳо»-ро таъсис дод ва дар бораи тақрибан 80 нафар аз чеҳраҳои театри тоҷик мавод ҷамъ оварда, дар бораи онҳо барномаҳо таҳия намуд. Баъдан ин хотираҳоро дар ду китоб пешниҳоди хонандагон кард. 

Ҳасрати як ҳунарпеша

Дар 75-солагӣ Саодат Азизова аз театр дур нест. Ба театри имрӯз бо чашми таҷрибаи беш аз нимасра менигарад. Ба андешаи ӯ, яке аз мушкилоти асосӣ набудани драматургияи қавии миллӣ аст. Театр қаҳрамон дорад, коргардон дорад, актёр дорад, аммо ба асарҳое ниёз дорад, ки чеҳраи модари тоҷик, занони замони истиқлол ва шахсиятҳои бузурги таърихиро бо нерӯи баланди драмавӣ нишон диҳанд. Ӯ мехоҳад дар Театри миллӣ Куруши Кабир, Темурмалик, Муқаннаъ ва дигар симоҳои миллӣ ба саҳна бароянд.

Ӯ бо вуҷуди ин ноумед нест, аз ҷавонон умеди зиёд дорад.

О. НОЗИР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД