goodwell
Мурғкулча бо панир
26.09.2026
Oila.tj
49

Маҳсулоти лозима:

2 дона синаи мурғ, 1 истакон панири резашуда, ним истакон орд, ним истакон шир, 2 дона тухм, кабудӣ мувофиқи табъ, 2 қошуқ майонез, 2 қошуқ сметана, адвиёт мувофиқи табъ.

Тарзи таҳия:

Панири резашуда, шир, тухм, майонез, сметана ва адвиётро бо ҳам омехта кунед. Синаи мурғро то пухтан ҷӯшонда, ба шакли чоркунҷаҳои хурд резед. Гӯшти мурғ, кабудии майдакардашуда ва ордро ба омехтаи тайёр илова карда, хуб омехта кунед. Омехтаи ҳосилшударо ба қолабҳои маффин рехта, дар тафдони то 180 дараҷа гармшуда тақрибан 20 дақиқа пазед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД