sebiston july new
Муйсафеди 103-солаи панҷакентӣ чашм ба роҳи фарзанд аст
4337

 Зебо ҳамагӣ 3 сол дошт, вақте ки падараш Сироҷов Ҳабиб Лутфуллоевич ба шаҳри Карагандаи Қазоқистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, бо ҳамин бе ному нишон гашт.

Солҳо турнасон гузаштанд ва Зебо духтари қадрас гашта, коллеҷи тиббиро хатм намуд. Акнун ӯ дар шаҳри Уфаи Федератсияи Русия кору зиндагӣ карда ба дарди ҳазорон нафар дардмандон даво мебахшад, вале касе нест ки ба дарди дили худи Зебо даво ёбад. Дарде, ки ӯро азият медиҳад, дарди ҳиҷрон аст. Дарди ҳиҷрони падари гумномаш.
Ба қавли Зебо падараш Сироҷов Ҳабиб Лутфуллоевич соли 2006 ба Қазоқистон рафта, то соли 2010 бо оилааш пайваста тамоси телефонӣ доштааст. Бори охир ӯ санаи 25-уми декабри соли 2010 ба ҳамсараш занг зада, ваъдаи бозгашт додааст, аммо пас аз ин якбора бе ному нишон мегардад. Касе то имрӯз намепдонад, ки ӯ зинда аст ё мурда.
“Бобои 103-солаам то ҳол бо қомати мисли камон хамида роҳи писари гумномашро мепояд. Ҳар гоҳ, ки чашмони пур аз ашки бобоямро бубинам, дилам хун мешавад” мегӯяд Зебо бо дарду ҳасрат.


Хеле истодем рӯ ба каташ. Баъд берун шудем аз наздаш, аз назди дӯсти солҳои ҷавонӣ, аз назди ҳамсабақи азизам Лоиқ, ки ба мисле ба панҷаи марг афтода ҳоло ӯ. Ноумедиҳо беш...


 


Сироҷов Ҳабиб пеш аз ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанаш дар шаҳри Панҷакент дар стансияи таъмири мошинҳо кор мекард. Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ аксари корхонаҳо, аз ҷумла стансияе, ки ӯ кор мекард, аз фаъолият бозмонд ва Ҳабиб маҷбур шуд, ки қатори дигар ҷавонмардони тоҷик рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ орад. Вақте ки ӯ ба Қазоқистон чипта харид, касе аз аҳли оила ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки ин сафар барои Ҳабиб сафари охирин ва ин дидор барои аҳли хонавода дидори вопасин хоҳад гашт.
Инак, 14-сол мешавад, ки падари мӯйсафед, ҳамсар ва духтари чашмбароҳаш бо дили ғамбор Ҳабиб Сироҷовро ҷустуҷӯ доранд. Аҳли хонаводаи Сироҷовҳо аз тамоми сокинони кишвар хоҳиш ва илтиҷо менамоянд, ки агар касе дар бораи Ҳабиб чизе шунида ва ё ӯро дар ягон ҷо дида бошад, ҳатман бо расонидани ин пайки нек хотири онҳоро шод гардонанд. Касоне, ки дар бораи ин ҷавон чизҳе медонанд, метавонанд ба рақамҳои зерин занг зананд: 93-180-77-81

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД