formula
Моҷарои зани 1-ум ва зани 2-юм: Гунаҳкор мардаки бечора?!
9647

 

Зани дуюм гирифтан солҳои охир барои мардҳои тоҷик мӯд шудааст. Андешаҳо дар ин боб гугуногунанд, яке мардонро гунаҳкор карда, бо зарда “пирхарҳо аз мастӣ зани дуюм мегиранд” мегӯяду дигарӣ баръакс ба ҳимояи мардҳои дузана бархоста, худи занҳои аввалро гунаҳкор месозад.

Мазмун, агар зан дили шавҳарашро ба даст оварда тавонад, ҳаргиз дар болояш зани дуюму сеюм намегирад! Ҳақиқат дар куҷост? Мардҳо аз мастӣ дар болои занашон зан мегиранд ё худи зани якум бо рафтораш шавҳарро дилсард намуда, ба ҷустуҷӯи зани дигар маҷбур месозад? Чаро баъзе хонумҳо дидаю дониста зани дуюмусеюм мешаванд?

Ба хотири ба ин саволҳо ҷавоб ёфтан мо бо ду гурӯҳ занҳо ҳамсӯҳбат гаштем. Гурӯҳи аввал бонувоне мебошанд, ки шавҳарашон дар болояшон зани дигар гирифтааст. Гуруҳи дуюм баръакс зани дуюм ё сеюм ҳастанд.

Занҳои якум
Махфирати Шокир:
Ба занҳои дуюм нафрат дорам!

-Шавҳарам пеш аз бо ман хонадор шудан духтареро дӯст медоштааст, аммо хушдоманам, ки холаам мешавад, маро келин кард. Пеш аз тӯй ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки писархолаам дӯстдоштадорад. Хушҳол будам, ки ба бегона не, ба худӣ расидам ва холаамуписараш азобҳои аз дасти моиндар кашидаи маро медонанду кӯшиш мекунанд, ки дар хонаи онҳо хушбахт гардам. Ҳамин тавр бо дили пурорзу ба шавҳар баромадам, вале муҳаббат надидам. Шавҳарам ишқи аввалашро ҳеҷ фаромӯш карда наметавонист. Дар паҳлӯям хобида аксҳои ӯро тамошо мекард. Билохира, вай аз падару модараш пинҳонӣ ҳамон духтаро ба занӣ гирифт. Азбаски модар надорам, ночор ба тақдир тан дода, бо зани дуюми шавҳарам созиш намудам, охир бо чанд фарзанд дигар ба куҷо ҳам меравам?! Ба тақдир тан дода бошам ҳам, ба занҳои дуюм нафрат дорам.

Шаҳодати Икром: Шавҳарам қасдан зан гирифт

Ман соҳиби се фарзандам. Шавҳарам маъюбии модарзодӣ дорад. Он қадар аён набошад ҳам, вале дард-дард аст. Пас аз он ки фарзанди сеюмам нишонаи дарди падарро дар худ пайдо кард, аз паи ҷустуҷӯи воситаи пешгирӣ намудани роҳи ҳомиладорӣ шудам. Зеро табибон таъкид карданд, ки минбаъд таваллуд намудани фарзандони носолим аз эҳтимол дур нест. Аз ин рӯ ба норозигии шавҳарам эътибор надода, барои таваллуд накардани фарзанд, ҳар воситае, ки лозим буд, истифода кардам. Охир кадом модар ба дидани фарзанди маъюбу ниёзмандиҳои ӯ тоб меорад? Мутаассифона, чунин ҳолатҳоро мардон кам ба инобат мегиранд. Ҳамин рафтори ман ба шавҳарам сахт расиду бо мақсади қасос гирифтан, зани дуюм гирифт. Ҳар нафаре бошад, бовар дорам, ки зани оқилаю дурандеш нест. Аз Худо умед дорам, ки шавҳарам барои хиёнати кардааш ҷазояшро хоҳад дид.

Сафаргул Тағоева: 
Мардҳоро занҳои танноз ба домашон мекашанд

-Дар зани дуюм гирифтани мардҳо аксаран занҳои аввалро гунаҳкор мешуморанд, вале ин аз ҳақиқат фарсахҳо дур аст. Ба ҳавову ҳавас дода шудану боз шарм надошта занро гунаҳкор кардан аз рӯи адолат нест. Шояд мо низ ҳаққи мардонро гунаҳкор кардан надошта бошем. Зеро ба хотири хушбахтии яклаҳзаинаи худ, ҳаёти як нафар ҳамҷинси дигарамонро месӯзему ба ӯ номи сиёҳбахтро лоиқ мебинем. Мардонро худи занҳо ба доми фиреб афтонида аз роҳи инсонӣ дур ва аз зану фарзанд ҷудо месозанд. Боре намеандешанд, ки оҳи кӯдаки ятиммонда рӯзе домангирашон мешавад. Ҳар азиятеро, ки бар дигарон раво мебинанд, бигзор худ низ заҳри онро дар зиндагӣ чашанд. Манзурам занҳои дуюми маккораанд.


Шумо дар орзуи тавлиди дугоник бошед, беҳтараш на зани ҷавон, балки зани синну солаш нисбатан калонтар бигиред.


 

Занҳои дуюм

Фариштаи Содиқ:

Ҳақиқатро хеле дер фаҳмидам

-Ман аз зан доштани шавҳарам хабар надоштам. Он кас дар пойтахт кор мекаранду дар ҳамин ҷо хона доштаанд. Замони шинос шудан хонаашро рубучин мекардам, либосҳояшро мешӯстам, умуман кору бори хонаро мекардам. Ҳеҷ гоҳ дар манзили ин мард ягон зани бегонаро надида будам, аз ҳамин сабаб боварии комил доштам, ки зан надорад. Иқрор мешавам, ки боре падару модари шавҳаршавандаамро надида, бо ӯ издивоҷ кардам. Ростӣ, дар аввал волидонам ба никоҳи мо розӣ набуданд, аммо ман ба ин мард сахт дил баста будам ва фикр мекардам, ки бидуни вай зиндагӣ карда наметавонам. Замоне аз зан доштанаш воқиф шудам, ки аллакай дар батнам кӯдак доштам. Чанд муддат ҷангу ҷанҷол шуд, вале хушбахтона ҳоло вазъияти оилаам ором аст. Сабаби зани дуюм гирифтанашро шавҳарам дар танҳо будани модараш медонад. Аз сабаби танҳоии модар наметавонистаанд ҳамсарашонро ба пойтахт биёранд, аз ин рӯ, ба хулосае омадаанд, ки дар ин ҷо низ зан дошта бошанд.

 

Аслия Шарифова:

Мардҳоро шикор намекунем, вале...

-Бо шавҳарам телефонӣ шинос шуда будам. Вай маро ба вохӯрӣ даъват кард, вале ман рад кардам. Шояд ӯ ошиқи ман не, балки мафтуни садоям гашта буд. Қасам хӯрд, ки агар ба наздаш равам, бо ман издивоҷ мекунад. Дар натиҷа вохӯриҳои мо давом ёфта, моро ба ҳам пайвастанд. Фикр мекунам, ки агар шавҳарам нисбат ба зани якумаш муҳаббати воқеӣ медошт, ҳаргиз бо зани ношинос ҳамсӯҳбат намешуд. Онҳо ҳамеша гуноҳро бар сари занҳои дуюм мезананд, аммо мо аз паи мардон намегардем –худашон ба ҷустуҷӯямон мебароянд. Аз ӯҳдаи идораи шавҳаронашон бароянду занҳои дуюмро маломат накунанд.

Ганҷинаи Давлат:

Аз дашномҳои палонҷам намеранҷам

-Модари ман зани дуюм буд. Бо падарам муносибати хуб дошта бошад ҳам, бибиам чашми диданаш надошт. Аз ин рӯ ман ҳаргиз намехостам зани дуюм шавад. Баъди аз шавҳарам ҷудо шудан, зиндагӣ бароям маънӣ надошт. Дар яке аз ҷашнвораҳои бонуфуз ба пойтахт рафтаму бо марде шинос шудам. Пас аз он телефонӣ ҳам сӯҳбат мекардем. Ман ҳатто як рӯз ба хонааш рафта будам. Ҳамсараш бо чеҳраи хандон истиқболам гирифт. Фикр кардам, ки ӯ барои зани дигар гирифтани шавҳараш зид нест. Аз ин рӯ ба издивоҷ розӣ шудам. Пас аз никоҳ ба ман хабар расид, ки зани қонунии шавҳарам нисбатам нафрат дораду ҳамеша дашномам медиҳад. Аммо барои ман дигар чизе муҳим нест. Муносибати шавҳарам хуб бошад, шуд. Ба дашному ранҷиши дигарон коре надорам, аз онҳо ба ман чӣ фоида?!

Саодати Акрам: Айб надошта бошӣ, шӯят зан намегирад

-Вақте зан ба пӯшидани сару либосаш эътибори ҷиддӣ медиҳад, ба тозагӣ майли бештар дорад, аз ӯҳдаи омода кардани хӯрокҳои гуногун баромада метавонад, кадбонуи хуб ва моҳир аст, ҳаргиз шавҳараш ба ӯ хиёнатро раво намебинад. Аз баҳри ӯ гузашта ба зани дигар чашм ало намекунад. Ҳатман камбудие доранд, ки шавҳаронашон зан мегиранд. Аз ин рӯ, на ба занҳои дуюм санги маломат зананду на ба шавҳарони худ. Беҳтар мешуд, ки камбудии худро ёфта аз паи ислоҳаш шаванд.

Фарзона Маҳмадиева

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Озода ортикова 2019-08-30, 18:33
Дуруст аст як намуд занҳо ҳастанд аз даҳонашон буй бад меояд худошонба аҳмият диҳанд.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Озода ортикова 2019-08-30, 18:33
Дуруст аст як намуд занҳо ҳастанд аз даҳонашон буй бад меояд худошонба аҳмият диҳанд.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД