sebiston july new
НАБЕРААМРО ПАДАРАШ ДУЗИДА РУССИЯ БУРД, АММО МАҚОМОТ ЧОРА НАДИД! (ҚИСМИ 3)
1447

ИДОМААШ...

Аз сабаби ҳамон рӯз дар кор буданам, рӯзи дигар ба Суди ноҳияи Спитамен рафта, ба қабули Абдураҳмонзода даромада, ҳамроҳаш суҳбат кардам. Ӯ гуфт, ки ҳоло аризаи даъвогиро қабул накардааст ва ваъда дод, ки ҳатман кӯмак мерасонад.

Рӯзи 19 феврали соли 2020 тариқи почта аризаи даъвогии Соҳибов Н. ба хонаи ман омад. Аризаи даъвогиро гирифта, ба бинои суд рафтам. Котиби судя Абдураҳмонзода нафаре бо номи Исмоилзода Даврон маро қабул кард ва гуфт, ки судя бемор аст, аз ин сабаб ба кор наомадааст. Ба кор биёяд, маро даъват мекардаст.

Рӯзи 9 июн судя ба ман занг зада, гуфт, ки нусхаи шаҳодатномаи таваллуди кӯдакро бурда диҳам. Ман сабаб пурсидам. вале ӯ танҳо “хавотир нашав, ҳоло ягон қарор набаровардаам” гуфт. Ман нусхаи шаҳодатномаи таваллудро ба судиҷрочии калони Суди ноҳия бурда додам.

Рӯзи 22 июни соли 2020, соати 15:40 адвокати духтарам Абдунабиев Хуршед занг зада гуфт, ки судя Абдураҳмонзода ҳалномаи судиро рӯзи 1 майи соли 2020 баровардааст. Ман дар ҳайрат мондам, ки чӣ хел ман дар маҷлиси судӣ иштирок накардам ва ҳатто хабар ҳам надоштаму ӯ ҳалнома мебарорад? Шояд ин ҷо сире бошад, ки тақдири ману набераамро бе иштироки мо дар мурофиаи судӣ ҳал карданд.

Рӯзи 23 июни соли 2020, соати 7:30 ба Суди ноҳияи Спитамен рафтам. Бо Абдураҳмонзода вохӯрдам ва аз ӯ пурсидам, ки “чаро ҳалномаи судро бе иштироки ман баровардаед?”, вале ӯ “хафа нашавед, ман аз рӯи қонун кор кардаам” гуфт. Ман қарор дар бораи васии кӯдак буданамро ба ӯ додам. Судя бо дағалӣ “ин дар пеши қарори суд ҳеҷ чиз не, танҳо як қоғози хушку холӣ аст” гуфту қарорро ба як тараф ҳаво дод. Баъд судя чанд коғазро ба пешам гузошта, хоҳиш кард, ки ба чанд ҷой имзо монам, ман имзо намондам.

Судя қонун оид ба муроҷиати шаҳрвандонро нодида мегирад

Санаи 08 июни соли 2020 ман бо истифода аз ҳуқуқҳои шаҳрвандии худ оид ба шинос шудан ва иқтибос гирифтан аз парвандаи гражданӣ ба судя ариза навиштам, вале на ба ман ва на ба адвокати ман нусха надоданд. Ман бо судя ҷангҷол кардам ва танҳо баъди ин ба ман танҳо нусхаи шаҳодатномаи таваллуди кӯдак ва як шиносномаи дигарро дод. Баъд ман адвокати дигар гирифтам. Адвокати нав Ҳакимӣ Фирдавс парвандаро гирифта, онро омӯхта баромад. Ба гуфти ӯ дар парванда протоколи маҷлиси судӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ мавҷуд набудаанд (адвокат тасдиқ мекунад). Аз болои суд шикояти кассатсиони навиштам, вале бенатиҷа монд. Инчунин ба Прокуратураи вилояти Суғд ариза навиштем, вале он ҳам беҷавоб монд. Рӯзи 8 сентябр маро ба Суди вилоят даъват карданд, Ҳамаи корамро як тараф гузошта, ҳамроҳи шоҳидам рафтам, вале моро ба толор даъват накарданд. Дуюм зинаи мурофиа низ бе иштироки мо гузашт.

Ба ҷойи хулоса

Аз соли 2011 то имрӯз пайи ин муаммои сарбаста медавам ва ростӣ хаста шудам. Умед доштам, ки духтарам аз шавҳараш бо хубӣ ҷудо мешаваду ин муаммо роҳи ҳалли худро меёбад. Вале дар гӯшаи хаёлам набуд, ки домодам писарашро дуздида мебараду гиреҳ чигилтар мешавад.

Домод кӯдакро аз роҳи мактаб дуздида бурд ва бо ин роҳ ӯро аз ватан, модар, васӣ, хешу табор ва ниҳоят таҳсилаш маҳрум сохт. Акнун ягона умедам ба рӯзноманигорон ва Прокуратураи генералӣ аст. Бовар дорам, ки онҳо ба доди ман мерасанд ва ин мушкилии мо ҳалли худро меёбад.

Бобо ва васии кӯдак Ахмедов Мурод,

сокини ноҳияи Спитамен, ҷ/д Истиқлол,

деҳаи Саидқалъа, кӯчаи Н. Ҷалолов, хонаи 30

Таҳияи Фарзона МУРОДӢ

Аз идора: Ин мактуб ҳарчанд ба талаботҳои Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон ва чанд санади қонунии дигар ҷавоб намегӯяд, вале идораи сомона ба хотири риояи гуногунандешӣ онро ба табъ мерасонад. Он бозгӯи мавқеи сомона нест. Ба дурустии факту далелҳо ва моҳияти матлаб муаллиф ҷавобгар мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД