Санаи 15-уми октябр дар пойтахти Русия - шаҳри Маскав 16-умин ҷашнвора-озмуни байналмилалии хайриявии “Асои сафед” баргузор мегардад. Дар ин чорабинӣ кишвари моро Накӯбегим Ниёзоваи 10-сола муаррифӣ мекунад, ки мушкили биноӣ дорад.
"Иштирок дар ин озмун барои ман як рӯйдоди хеле муҳим аст! Мехоҳам ватанам Тоҷикистони азизро сазовор муаррифӣ намоям”,- гуфтааст Накӯбегим Ниёзова.
Ин духтараки ҳунармандро дар ин сафар волидонаш ва мураббии вокал Тахмина Рамазонова ҳамроҳӣ ва дастгирӣ мекунанд.
Накӯбегим дар оилаи эҷодкор ба дунё омадааст, падараш навозандаи чанд соз Хушбахт Ниёзов ва модараш Давлатмо Гулямова тамоми кӯшишу талоши худро ба тарбияи фарзандонашон бахшидаанд.
Накӯбегим Ниёзова хонандаи синфи 4-уми мактаби рақами 28-и пойтахт буда, орзуи духтури дандон шуданро дорад, аммо аз мусиқӣ даст кашиданӣ нест. Ӯ аз синни дусолагӣ ба овозхонӣ шуруъ карда, дар шашсолагӣ бори аввал ба саҳна баромадааст. Қаблан дар гурӯҳи фортепиано таҳсил намуда, нозукиҳои рақсро низ омӯхтааст, аммо айни замон ба вокал бештар таваҷҷуҳ дорад.
Ҷашнвораи "Асои сафед" ҳамасола бо кумаки Бунёди Диана Гуртская ва Вазорати фарҳанги Русия баргузор мегардад. Дар даври финалӣ иштирокчиёни ҷавони озмун ҳамроҳи ситораҳои эстрада баромад мекунанд, вале ҳанӯз маълум нест, ки Накӯбегим бо кӣ суруд мехонад.
Қаблан Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора Алим Музофиров, Нилуфар Азизова ва Мубориз Каримов муаррифӣ карда буданд.