Намоиши ёдгориҳои “Аҷинатеппа” ва
“Тахти сангин”-и Тоҷикистон дар Рим
«Тоҷикистон-кишвари ёдгориҳои нодир»-таҳти чунин унвон санаи 20-уми октябр дар Осорхонаи тамаддунҳо (Museo delle Civiltà)-и шаҳри Рим намоиши байналмилалӣ ифтитоҳ гашт, ки то моҳи январи соли 2027 идома хоҳад кард. Дар намоишгоҳ 80 ёдгории нодири таърихии халқи тоҷик, ки давраҳои гуногунро фаро мегиранд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Тибқи иттилоъи Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи мазкур намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ аз Тахти Сангин, Аҷинатеппа, Кофирқалъа, Панҷакенти қадим ва катибаҳои суғдию дигар ёдгориҳои таърихие, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудаанд ё барои воридшавӣ пешниҳод гардидаанд, ба намоиш гузошта шудаанд.
Дар баробари ин, китобҳои тозанашре, ки таърихи миллати тоҷикро аз давраҳои қадим то замони истиқлоли давлатӣ инъикос менамоянд, пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, китобҳои «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе», «Хутали қадим» ва дигар асарҳои марбут ба омӯзишу ҳифзи мероси миллӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба таъриху фарҳанги тоҷикон ҷалб мекунанд.