sebiston july new
Наҷоти пиразани 67 сола дар Турсунзода
1058

 

Кормандони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода аз наҷоти як пиразани тахминан 70 сола хабар доданд.

Тибқи маълумоти дафтари матбуотии ин ниҳод пиразан танҳо буда, бемору нотавон аст ва дар вақти хуруҷи беморӣ аз по афтидаву ҳолаташ вазнин аст ва дари хонаашро мустақилона боз карда наметавонад.

Вақте имдодгарон маълумот пайдо карданд, ки дари хонаи ин пиразан аз берун бо калид маҳкам намешавад ва ягона имкони боз кардани он аз дохили хона аст, аз ошёнаи чоруми бино аз тиреза вориди хона шуданд ва дарро боз карданд.

Онҳо пиразани дар ҳолати вазнин қарордоштаро фавран ба беморхона интиқол доданд. Айни замон ӯ дар беморхонаи шаҳрӣ бистарӣ буда, ба табобат фаро гирифта шудааст, хабар додааст кумита.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД