formula
Наҷоти тифли 6 моҳа ва падар аз ҷониби наҷотдиҳандагони тоҷик дар Туркия
839

 

 

Наҷотдиҳандагони тоҷик аз зери харобаҳои шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия  ду нафарро зинда берун оварданд, ки якеаш тифли 6 моҳа мебошад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Наҷотдиҳандагони тоҷик  бо истифодаи таҷҳизоти наҷот аз  зери теппаи сангу бетону хок одамони зиндаро ҳис карданд. Онҳо  бо эҳтиёткорӣ ва дар муддати кӯтоҳ ҳама монеъаҳоро бартараф карданд ва тифли шашмоҳаро ҳамроҳ бо падараш берун кашиданд.

Падар бо фарзандаш зери вайронаҳо муддати 6 рӯз зинда монда буданд. 

Ин рӯйдод беназир аст.  Падар ва фарзандро ба беморхона интиқол доданд. 

Дар ҷараёни корҳои наҷот то соати 14 бо вақти Туркия имдодгарони Кумита аз зери вайронаҳои хонаҳои истиқоматӣ 25 ҷасадро низ берун овраданд.

Корҳои наҷотдиҳӣ аз тарафи наҷотдиҳандагони тоҷик ба шиддат идома доранд, хабар додааст, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД