goodwell
Нархи патент дар Русия боло меравад
16.11.2026
Оила
93

Нархи патент дар Русия боло меравад

аз 1-уми январи соли 2027 арзиши патенти корӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар як қатор минтақаҳои Русия боло бурда мешавад. Тағйирот метавонад хароҷоти шаҳрвандони хориҷиро, ки дар ин кишвар бо патент фаъолият мекунанд, зиёд кунад.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград нархи патент аз 8 ҳазор ба 11 ҳазор рубл мерасад. Дар вилояти Сахалин он 13 ҳазору 300 рубл ва дар кишвари Приморй то 16 ҳазору 300 рубл муқаррар мешавад.

Ҳамчунин, дар вилоятҳои Ростов ва Рязан пешниҳод шудааст, ки арзиши патент то 17 ҳазор рубл боло бурда шавад. Нархи ниҳоии патент барои шаҳри Масква ва вилояти Масква моҳи декабр эълон хоҳад шуд.

Дар баробари ин, аз соли 2027 ду тағйироти дигар низ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, агар фарзанди ноболиғи шаҳрванди хориҷӣ ҳамроҳи ӯ дар Русия зиндагӣ кунад, барои ҳар як кӯдак 50 дарсади маблағи иловагӣ ба арзиши патент зам мешавад.

Инчунин, барои муҳоҷироне, ки дар манзилҳои шахсӣ ба ҳайси доя, таъмиргар ё ёрдамчӣ кор мекунанд, арзиши патент метавонад аз 14 ҳазор рубл бештар бошад.

Ин тағйирот ба хароҷоти муҳоҷирони меҳнатӣ таъсир расонида, аз онҳо талаб мекунад, ки пеш аз оғози соли 2027 маблағи зарурии пардохти патентро ба назар гиранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД