arzon replenishment
Нархи тухм чаро боло рафт?
568


Содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар муқоиса ба соли 2021 соли 2022 29 000 тонна кам шуд. Арзиши як қатор маҳсулоти ниёзи аввал поин шуд, дар ин мисол равғани растанӣ 18 фоиз, орд то 10 фоиз арзишаш коҳиш ёфтааст, вале қимати тухм чор фисад афзоиш ёфтааст.

Ин нуқтаро дар нишасти хабарии имрӯзаи Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот, ки бо иштироки Хуршед Раҳмонализода, муовини раиси раёсат ва дигар кормандони ин ниҳод ва намояндагони ВАО гузашт, қайд кард.

Барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ 45 анбор, 3 сардхона дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара фаъолият мекунад. Дар анбору сардхонаҳои соҳа дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон 1625 тона пиёз, 680 тонна картошка , 100 тонна сабзӣ ва 300 тонна мева захира карда шудааст.

Айни ҳол воридоти картошка аз Покистон ба Тоҷикистон идома дошта, дар ду бозори пойтах то 8 мошини боркаш (фура) барои истеъмолкунандагон пешниҳод мешавад, қайд гардид дар ин нишаст. Аммо сабаби боло рафтани нархи тухм шарҳ дода нашуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД