goodwell
Нақшаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳу донишкадаҳои олӣ зиёд карда шуд
06.08.2026
Оила
54

Нақшаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳу донишкадаҳои олӣ зиёд карда шуд

Имсол ба донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва омӯзишгоҳу коллеҷҳои ҷумҳурӣ 74 ҳазору 510 нафар донишҷӯён қабул карда мешаванд, ки нисбат ба соли гузашта 10 ҳазору 154 нафар ё 15,78% зиёд аст. Дар ин бора дирӯз, 5-уми август зимни нишасти матбуотӣ роҳбари Маркази миллии тестӣ Сабзалӣ Ҷаъфарзода хабар дода гуфтааст:

“Имсол нақшаи қабули донишҷӯён ба мактабҳои олӣ қариб 16% зиёд карда шудааст. Аз ин шумора 13 ҳазору 276 ҷой барои таҳсили ройгон ва 61 ҳазору 234 ҷой барои таҳсили шартомавӣ пешбинӣ гаштааст.

Ҷаъфарзода зикр намуд, ки дар даври асосии тақсимоти донишҷӯён ба мактабҳои олӣ нақшаи қабул 66,94% иҷро шудааст. Аз ҷумла нақшаи қабул ба донишгоҳҳо 78,72%, коллеҷҳо пас аз хатми синфи 9-ум — 62,76% ва пас аз синфи 11-ум — 41,31% иҷро шудааст.
“Тақсимоти такрорӣ ва давраҳои иловагии дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ ҳанӯз дар пешанд ва теъдоди дохилшудаҳо афзоиш меёбад,”-гуфтааст раҳбари Маркази миллии тестӣ Сабзалӣ Ҷаъфарзода.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД