Наворбардории филми муштараки таърихии «Ҷомӣ ва Навоӣ» санаи 5-уми феврал анҷом ёфтааст. Дар ин бора коргардони тоҷикистонии филм Файзулло Файз дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод.
Бояд гуфт, ки сабти ин филм 1-уми августи соли 2025 дар Тоҷикистон оғоз шуда, баъди шаш моҳ ба охир расид.
Таъкид мешавад, ки анҷоми наворбардорӣ марҳилаи ниҳоии кор нест ва дар пеш бандубасти техникӣ ва марҳилаҳои баъдии истеҳсол қарор доранд.
Филми «Ҷомӣ ва Навоӣ» ҳамчун як лоиҳаи муштараки фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон амалӣ гардида, ҳадафи он бозтоби арзишҳои муштарак, дӯстӣ ва ҳамкории ду миллат мебошад.