arzon replenishment
Наврӯз бидуни 3 ҳунарманди асил
1275

Ҷашни Наврӯз аз зумраи қадимтарин идҳои мардумони Шарқ ба шумор рафта, расму оинҳои хоси худро дорад. Мардум дар баробари оростани суфраи наврӯзӣ ва бозиву фараҳу шодмонӣ дар ин рӯзҳо хотираи неки гузаштагонро пос медоранд. Мо ҳам қарор додем дар арафаи Наврӯз аз 3 ҳунарманди асили тоҷик ёд кунем, ки мутаассифона имсол дар байни мову шумо нестанд.

Наврӯз бе фалаки Давлатманди Хол

Зиннати асосии базми Наврӯзӣ таронаҳои халқист, вале мутаассифона имсол онро бе фалаки Давлатманди Хол мегузаронем, зеро ин фалаксаройи машҳур дигар дар байни мову шумо нест. Давлатманди Хол рӯзи 18-уми феврал дар синни 74- солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Ин ҳунарманди маъруф чанд вақт боз аз беморӣ ранҷу азоб мекашид. Пайвандонаш ӯро барои табобат ба давлатҳои гуногун бурданд, вале табибон ба дарди Давлатманд Холов дармоне пайдо карда натавонистаанд.
Ҳамин тавр ду-се рӯз пеш аз маргаш ӯро аз Маскав ба Душанбе оварда, дар бемористони Қарияи Боло бистарӣ намуданд. Ҳунарманди маъруф дар бемористон аз олам даргузашт ва ӯро дар оромгоҳи Лучоб дафн намуданд.

Некрӯз рафту базми наврӯзии Бадахшон сард гашт

Ошиқони таронаҳои Бадахшонӣ наметавонанд имсол дар базми наврӯзӣ аз шунидани садои дилчаспи Некрӯзи булбуловоз лаззат баранд. Некрӯз Ниёзов, ки миёни мардум ҳамчун шогирди шодравон Муборакшо гашта машҳур буд, бар асари як садамаи нақлиётӣ аз олам даргузашта, дар дили аҳли оила, дӯстону пайвандон ва мухлисони сершумораш доғи абадӣ ниҳод.
Ин ҳодисаи ногувор дар назди тарабхонаи “Боми ҷаҳон” рух дода, Некрӯз зери чархи мошин монд.
Тавре ки яке аз дӯстони наздики шодравон, зимни суҳбат бо Oila.tj гуфта буд: “Некрӯз дар дохили мошини худаш нишаста будааст. Ду мошини дигар, ки бо суръати баланд ҳаракат доштанд, ба мошини Некрӯз бархурдаанд ва бар асари садама ин ҷавони боистеъдод дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид. Ёдаш ба хайр ва манзили охираташ ҷаннат бошад!

Хазони умри булбули “Гулшан”

Дар арафаи иди Нарӯз боз як ҳунарманди хушсалиқаи тоҷик Умар Зиёев моро падруд гуфт.Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Умар Зиёев шоми 17 -март дар дар синни мубораки 73-солагӣ аз олам даргузашт. Сабаби марги ин овозхони шинохтаи тоҷик маълум нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД