arzon replenishment
Наврӯзро дар Душанбе кай ҷашн мегиранд?
453

Мегӯянд имсол ҷашни Наврӯзро дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ҳамроҳ бо Рӯзи Модар 7 ё 8 март таҷлил мекунанд, зеро рӯзҳои наврӯзӣ ба моҳи Рамазон рост меояд. Оё ин овоза ҳақиқат дорад?

Барои посух гирифтан ба ин савол мо ба Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе муроҷиат кардем.
Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахти мамлакат «Карнавали наврӯзӣ», барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва сайругашти идона доир мегарданд.

Як масъули Раёсати фарҳанги пойтахт дар саҳифаи фейсбуки ин ниҳод ба "Оила" гуфт, ҳоло маълум нест, ки карнавал кадом рӯз баргузор мегардад.
“Наврӯз вақти худро дорад. Ба Рӯзи модар ҳеҷ иртибот надорад. Таҷлили Наврӯз дар яке аз рӯзҳои наврӯзӣ доир мегардад”, - гуфт ин масъул бе зикри ном.

Бояд гуфт, ки дар Майдони Истиқлол тамринҳои донишҷӯён идома доранд ва ба онҳо низ гуфтаанд, ки маълум нест то кай тамрин мекунанд. Ин дар ҳолест, ки баҳори имсола нисбатан сард омад ва ба пешгӯии обуҳавошиносон дар назар аст то 5-уми март барф борад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД