Хушбахтона Иди Наврӯз, ки аз ҷумлаи беҳтарин ҷашнҳои аз ниёгонамон ба мо мерос монда ба шумор меравад, ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт ва ҳамакнун онро дар чандин кишварҳои олам бо шукӯҳу тантана ҷашн мегиранд. Мехоҳед донед, ки ин иди зебои баҳориро дар куҷо кай ҷашн мегиранд? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!
Маъмулан дар Тоҷикистон фаро расидани Наврӯзро аз 21-уми март то 24-уми март ҷашн мегирифтанд, вале имсол мардуми тоҷик бо шарофати иди Наврӯз то 29-уми март истироҳат хоҳанд кард. Базмҳои наврӯзӣ дар гӯшаву канорҳои гуногуни кишвар то охири моҳ идома меёбанд.
Новобаста ба вазъияти ҷангӣ дар Эрон имсол низ Иди Наврӯз дар ин кишвар таҷлил карда мешавад, зеро он яке аз муҳимтарин идҳо ба ҳисоб меравад. Мардуми эронзамин иди Наврӯзро қариб ду ҳафта ҷашн мегиранд ва он бо маросими сенздаҳбадар ба анҷом мерасад.
Дар Афғонистон маъмулан таҷлили Иди Наврӯз аз 21-уми март сар шуда, қариб 40 рӯз идома мекунад.
Наврӯз дар Туркия расман 21-уми март дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз ҷашн гирифта мешавад ва онро рамзи фарорасии баҳор, таҷдиди табиат ва оғози соли нави кишоварзӣ мешуморанд. Ҷаҳидан аз болои гулхани оташ, зиёрати оромгоҳҳо, базмҳои оммавӣ, рақсу бозӣ ва пешкаш кардани туҳфаҳо ба раҳгузарон аз ҷумлаи беҳтарин оинҳои наврӯзии мардуми ин кишвар мебошанд.
Дар давлатҳои дигар Иди Наврӯзро дар рӯзҳои зерин таҷлил менамоянд:
Курдистон - 21-уми март, Косово - 21-уми март, Ироқ - 21-уми март, Муғулистон - 21-уми март, Албания - аз 20 то 23-юми март, Озарбойҷон - аз 20 то 26-уми март, Гурҷистон - 21-уми март, Қазоқистон - аз 21 то 24-уми март, Қирғизистон - 21-уми март, Туркманистон - аз 20 то 23-юми март, Ӯзбекистон - 21-уми март.