Муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмидин аз раванди хизматрасонӣ дар хатсайрҳои мусофирбарии пойтахт боздид намудааст.
Зимни санҷиш ҳолати техникии автобусу троллейбусҳо, тозагии дохилу беруни воситаҳои нақлиёт ва сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Масъулон инчунин фаъолияти мониторҳои дохили салон, камераҳои мушоҳидавӣ ва низоми назорати дохили нақлиётро санҷидаанд. Таъкид гардидааст, ки ҳар гуна нуқсон бояд сари вақт бартараф шуда, таҷҳизоти назоратӣ ҳамеша дар ҳолати корӣ қарор дошта бошанд.
Дар баробари ин, ба тарзи муносибати ронандагон бо мусофирон диққати ҷиддӣ дода шудааст. Ронандагон вазифадор шудаанд, ки одоби муоширатро риоя намуда, бо мусофирон хушмуомила ва эҳтиромона муносибат кунанд.
Саломзода Раҳмидин Салом ба масъулон супориш додааст, ки тозагии воситаҳои нақлиёт ҳамарӯза таъмин гардида, қисматҳои дохилӣ ва берунии автобусу троллейбусҳо тибқи талаботи муқарраргардида шуста ва тоза карда шавад.
Масъулони соҳа ҳамчунин бояд фаъолияти ронандагон, коршоямии камераҳо ва мониторҳо ва сифати хизматрасонӣ ба мусофиронро пайваста назорат кунанд.
Нақлиёти ҷамъиятии пойтахт бояд на танҳо ба талаботи техникӣ ҷавобгӯ, балки барои мусофирон тоза, бехатар ва бо сатҳи баланди хизматрасонӣ дастрас бошад.