Arzon march 2024
НИГИНА АМОНҚУЛОВА ДАР МЕҲМОНИИ ОШХОНАИ “ОИЛА”
3126

 

Сарояндаи зебову хушсадои тоҷик Нигина Амонқулова на танҳо дар ҳунари овозхонӣ, балки дар маҳорати кадбонугӣ низ ҳамто надорад. Нигинабону пухтупаз карданро дӯст медорад ва тез-тез барои аҳли оилааш ҳар гуна хуришу шириниҳои лазизу болаззат тайёр мекунад. Имрӯз Нигина ба мухлисонаш тарзи хеле осон пухтани торти “Прага”-ро меомӯзонад.

Барои омода кардани торти “Прага” дар шароити хона ин маҳсулотҳо лозиманд:

Барои хамир

Тухм-2 дона;

Ширқиём( сгущ.мол)-300 гр;

Орди навъи 1-ум- 130 гр;

Моддаи ковоккунанда-2-дона;

Хокаи какао-30гр;

Барои крем

Шир-300мл;

Орд-30 гр;

Тухм-2 дона;

Шакар-180 гр;

Равғани маска-150гр;

Хокаи какао-30гр;

Барои ороиш

Шоколади сиёҳ-40гр.

ТАРЗИ ТАҲИЯ:

Дар аввал ордро бо хокаи какао ва хокаи ковоккунанда якҷоя мекунем.Дар зарфи дигар тухмҳоро лат зада бо ширқиём якҷоя мекунем.Дар охир орди бо хокаҳои лозима омехташударо ба маҳлули аз тухму ширқиём омода шуда, якҷоя мекунем ва хамир мешӯрем. Тафдонро 220 градус гарм мекунем. Хамири омода намударо ба қолаби тортпазӣ рехта, дар тафдон мегузорем ва 30 дақиқа мепазем.
То омода шудани бисквит мо кремро тайёр мекунем. Барои ин ду дона зардии тухмро ҷудо карда, дар аввал бо шакар хуб лат мезанем, баъдан ба он ширро ҳамроҳ карда, боз каме лат мезанем. Равғани маскаро дар оташи паст каме об карда, маводи аз тухму шир омода намудаамонро ба он ҳамроҳ мекунем. Дар охир ба крем каме хокаи какао андохта якҷоя мекунем. Бояд ранги крем ба шоколад монанд шавад.

 

То ин дам коржҳои мо алакай пухтаанд. Коржро ду тақсим карда креми омодашударо ба он баробар мемолем. Дар охир ба торт шоколади сиёҳи обкардаамон мемолем.




 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД