goodwell
Нигоҳубини косметика дар тобистон
15.08.2026
Oila.tj
24

Гармии тобистон на танҳо барои пӯст, балки барои косметика низ санҷиши ҷиддӣ аст. Вақте ҳарорати ҳаво аз 25 дараҷа боло меравад, кремҳо, зардобҳо (серумҳо), лабрангҳо ва дигар воситаҳои нигоҳубини пӯст метавонанд сифат ва самаранокии худро аз даст диҳанд. Бисёриҳо дар чунин ҳолат косметикаро ба яхдон мегузоранд, аммо на ҳама гуна маҳсулотро дар сармо нигоҳ доштан дуруст аст.

Чаро гармӣ зарар мерасонад?

Бо баланд шудани ҳарорат суръати реаксияҳои кимиёвӣ зиёд мешавад. Аз ин сабаб, таркиби косметика зудтар тағйир ёфта, сифати он паст мегардад.

Дар ҳавои гарм чунин мушкилот бештар ба назар мерасанд:

Моддаҳои фаъол, аз қабили витамини С, ретинол, пептидҳо ва антиоксидантҳо зуд вайрон мешаванд ва самаранокии худро аз даст медиҳанд.

Равғанҳои табиӣ оксид шуда, бӯи нохуш ва талх пайдо мекунанд. Кремҳо метавонанд қабат-қабат шуда, ба ду қисми ҷудогона - равған ва моеъ табдил ёбанд.

Дар муҳити гарму намнок бактерияҳо ва замбурӯғҳо зуд афзоиш меёбанд, махсусан дар маҳсулоте, ки консервантҳои мулоим доранд.

Кадом косметикаро дар яхдон нигоҳ доштан лозим аст?

Баъзе воситаҳо дар ҳарорати паст сифати худро беҳтар нигоҳ медоранд:

Зардобҳои дорои витамини С;

Маҳсулоти дорои ретинол ва дигар ретиноидҳо;

Зардоб ва ампулаҳои дорои пептидҳо;

Воситаҳои дорои пробиотикҳо ва ферментҳо;

Патчҳо, ниқобҳои гелӣ ва кремҳои атрофи чашм;

Кремҳои муҳофизатӣ аз офтоб (SPF).

Кадом косметика тавсия дода намешавад?

Сармо метавонад ба баъзе маҳсулот низ зарар расонад. Аз ҷумла:

Равғанҳои табиӣ;

Кремҳо ва балзамҳои равғанин;

Лабранг ва ҷилои лаб;

Кремҳои тоналӣ ва хокаҳои ороишӣ;

Туш барои мижа;

Лак барои нохун.

Агар косметикаро дар яхдон нигоҳ доред...

Барои нигоҳдории дуруст ба ин қоидаҳо риоя кунед:

Барои косметика дар яхдон ҷои алоҳида ҷудо кунед. Беҳтарин ҷой рафи дари яхдон аст, зеро он ҷо ҳарорат чандон паст нест.

Маҳсулотро дар зарф ё халтаи маҳкам нигоҳ доред, то бӯи хӯрокҳоро ба худ нагирад.

Ҳеҷ гоҳ косметикаро дар яхбанд (морозилка) нагузоред.

Беҳтарин ҷой барои нигоҳдории косметика

Аксари воситаҳои косметикӣ дар ҷойи торик, хушк ва нисбатан салқин беҳтар нигоҳ дошта мешаванд. Барои ин ҷевон, комод ё рафи пӯшида мувофиқ аст. Аз нигоҳ доштани косметика дар ҳаммом худдорӣ намоед, дар он ҷо ҳарорат ва намнокӣ зуд-зуд тағйир меёбанд.

Аз куҷо фаҳмидан мумкин аст, ки косметика вайрон шудааст?

Пеш аз истифода ҳатман ба ҳолати маҳсулот аҳамият диҳед. Агар яке аз нишонаҳои зеринро мушоҳида кунед, онро дигар истифода набаред:

Тағйир ёфтани ранг;

Пайдо шудани бӯи нохуш;

Тағйир ёфтани сохтор (об шудан, сахт шудан ё қабат-қабат гардидани маҳсулот);

Пайдо шудани қолаб ё ҳубобчаҳо.

Истифодаи чунин косметика метавонад боиси сурхшавӣ, аллергия ва ҳатто сирояти пӯст гардад.

Чанд маслиҳати муҳим барои рӯзҳои гарм

Косметикаро дар ҷойи торик ва салқин (тақрибан аз +15 то +25 дараҷа) нигоҳ доред.

Аз нурҳои бевоситаи офтоб муҳофизат кунед.

Пас аз ҳар истифода сарпӯши зарфро маҳкам пӯшед.

Косметикаро дар дохили мошин нагузоред, зеро ҳарорати он тобистон метавонад то 60 дараҷа баланд шавад.

Агар имкон бошад, аз бастаҳои хурд истифода баред, то маҳсулот пеш аз муҳлати истифода тамом шавад.

Муҳлати истифодаи косметика

Муҳлати истифодае, ки дар рӯйи баста нишон дода шудааст, танҳо барои маҳсулоти кушоданашуда эътибор дорад. Пас аз кушодани маҳсулот муҳлати истифода кӯтоҳ мешавад. Дар рӯйи баста одатан нишонаи зарфи кушода бо рақам (масалан, 6М ё 12М) гузошта мешавад, ки нишон медиҳад маҳсулот пас аз кушодан чанд моҳ қобили истифода аст.

Муҳлати миёнаи истифода пас аз кушодан чунин аст:

Туш барои мижа - то 6 моҳ;

Крем ва зардоби атрофи чашм - 6-12 моҳ;

Лак барои нохун - 1,5–2 сол;

Тени чашм, сурхии рухсора ва хока- 2-3 сол.

Ҳатто агар маҳсулот кушода нашуда бошад ҳам, пас аз анҷоми муҳлати истифода онро истифода набаред, зеро моддаҳои таркиби он метавонанд тағйир ёфта, ба пӯст зарар расонанд.

Хулоса

Дар рӯзҳои гарми тобистон ҳамаи косметикаро якбора ба яхдон гузоштан лозим нест. Пеш аз ҳама, ба таркиби маҳсулот, тавсияи истеҳсолкунанда ва ҳолати худи косметика диққат диҳед. Агар қоидаҳои нигоҳдориро риоя кунед, маҳсулоти дӯстдоштаатон сифати худро муддати дароз нигоҳ дошта, пӯсти шуморо аз таъсири номатлуб эмин медорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД