Дар шаҳри Душанбе нисбати иштирокчиёни як муноқишаи гурӯҳӣ, ки дар таваққуфгоҳи маркази савдои «Гулдаста» рух додааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, сабаби асосии низоъ баҳсҳои молиявӣ ва қарздории байниҳамдигарӣ будааст.
Гуфта мешавад, ки шаҳрвандон Нарзиев Сироҷиддин ва Рӯзиев Абдулло муддати тӯлонӣ дар заминаи қарз бо ҳам ихтилоф доштаанд. Санаи 30-юми апрели соли 2026 онҳо бо ҷалби ҳаммаслаконашон дар назди маркази савдои «Гулдаста», воқеъ дар кӯчаи Нусрат Махсум ҷамъ омада, қасдан муноқишаи гурӯҳӣ ташкил кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, зимни занозанӣ иштирокчиён тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, аз ашёҳои сахт, аз ҷумла кастет, битаи оҳанин ва дигар воситаҳо истифода бурдаанд. Дар натиҷа яке аз иштирокчиён - Табаров Муқим ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шудааст.
Вобаста ба ин ҳодиса нисбати Нарзиев Сироҷиддин, Табаров Муқим, Рӯзиев Абдулло, Манучеҳри Абдулҳамид, Амиршозода Баҳром ва Исматов Даврон тибқи моддаи 237-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.