Низоми толлингӣ: аз бартарӣ то зарурати ҷорӣ намудани он дар Тоҷикистон
43

Эътироф бояд кард, ки на ҳама моҳияту зарурияти ҷоришавии низоми толлингӣ дар идораи роҳҳоро хуб медонанд. Аз ин лиҳоз баъзан андешаҳои беасосу муғризона баён гардида, боиси то андозае аз назар дур мондани натиҷаҳои назарраси ин раванд Моҳиятан роҳи пулакӣ роҳест, ки ширкати барои нигоҳдориаш муваззаф буда, ҷиҳати ҷавобгӯи талабот будани он масъулият дошта, дар ин самт бояд аз имконоти дар ихтиёрдоштааш самаранок истифода намояд.

Маъмулан кишварҳои рӯ ба рушд дар заминаи татбиқи чунин лоиҳаҳо, ки аксар маврид бо ҷалби сармояи хориҷӣ амалӣ мешавад, ҳолати роҳҳоро беҳтар менамояд. Бояд дарк намуд, ки талабот ва усули истифодаи чунин тарзи кор (манзур ҷорӣ намудани низоми толлингии истифодаи роҳҳо аст) дар ҳар кишвар махсусияти худро дорад.

Дар маҷмуъ, гузариш ба истифодаи муздноки роҳ дар шароити тавсеаи муносибатҳои иқтисоди бозорӣ падидаи маъмул ва амри муқаррарӣ буда, набояд боиси нигаронӣ шавад. Бояд гуфт, ки аслан ягон роҳ бепул нест. Шаҳрвандон истифодабарандагон бо роҳу василаҳои гуногун дар нигоҳдории роҳ саҳм доранд. Дар ин самт таҳким бахшидани ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ба манфиати кор хоҳад буд. Муҳим он аст, ки ба шарофати ин ҳамкорӣ баҳри беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоӣ – иқтисодии шаҳрвандон шароит фароҳам меояд.

2_57

Мутахассисон эътироф кардаанд ва садҳо далел низ мавҷуд аст, ки ҷорӣ намудани низоми толлингии идоракунии роҳи Душанбе – Чаноқ муҳим ва саривақтӣ маҳсуб мешавад. Одатан ҷоринамоии ин низом дар сурати мавҷудияти роҳи алтернативӣ сурат мегирад. Вале роҳи Душанбе – Чанок аз лиҳози релефи ҷойгиршавӣ махсусиятҳои худро дорад, ки мавҷудият ва истифодаи роҳи алтернативиро зери суол мебарад. Масалан, замони муваққатан қатъ гардидани ҳаракат тариқи нақби «Истиқлол» мо шоҳид будем, ки шаҳрвандон кӯшиш мекарданд бо ҳар роҳу васила тариқи нақби зикршуда гузаранд, на ағбаи Анзоб. Айни замон, баъди 16 соли фаъолияти пурмаҳсули IRS ва бо дарназардошти махсусияти ҷуғрофиву иқлимӣ ва ғайра метавон гуфт, ки ҷоришавии истифодаи пулакии роҳи Душанбе – Чанок асоснок ва муҳим аст. Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки IRS баҳри иҷрои вазифаи ба зиммааш вогузор имконияту шароит ва мутахассисони арзанда дошта, онҳо қодиранд, ки ба дастовардҳои бештар ноил гардида, ба ин васила дар рушди кишвари азизамон то андозае саҳмгузор бошанд.

Шоҳид будем, ки дар марҳилаи аввали фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ном мунаққидони иддао мекарданд, ки бидуни мавҷудияти роҳи алтернативӣ ҷорӣ намудани низоми толлингӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи матлаб нест. Андешае, ки бо гузашти вақти начандон зиёд ба шарофати масъалиятшиносии кормандони IRS беасос буданаш собит гардид. Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Беларус, ки аввалин шуда, дар миёни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ин низомро ҷорӣ намуда буд, айнан ҳамон ҳолате ба миён омад, ки солҳои аввали фаъолият роҳбарият ва кормандони IRS бо он мувоҷеҳ буданд. Мардум то андозае норозӣ буданд. Агар масъаларо амиқтар мавриди пажӯҳиш қарор диҳем, маълум мегардад, ки марҳилаҳои аввали ислоҳот ва амалигардонии чунин лоиҳаҳо мушкилот, ба монанди норозигии шахсони алоҳида, ки асосан манфиатҳои шахсиашонро аз манфиатҳои ҷомеа боло мегузоранд, ба миён меорад. Баъзан монеаҳои дигар аз тарафи намояндагони баъзе сохторҳои давлатӣ низ эҷод мегардад. Бо мурури вақт ин низом натиҷаҳои мусбат ба бор оварду мардум низ муътақид гардиданд, ки қисмати аъзами пули пардохтнамудаашон барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ ва боқимонда барои ташкили зербинои нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои пуриқтидори замонавӣ харҷ мешавад.

Дар кишвари мо низ солҳои аввали ҷоришавӣ ин иқдом бо бархӯрд ва назарҳои интиқодӣ рӯ ба рӯ буд. Аксарият ба ном мунаққидон иддао доштанд, ки чаро мардум барои истифодаи роҳ маблағ пардохт намоянд? Вақт нишон дод, ки ин тадбир оқилона буда, пеш аз ҳама, ба беҳдошти ҳолати ин роҳи аз лиҳози стратегӣ муҳим рабт дорад. Муҳим он аст, ки солҳои охир аз ҷониби баъзе соҳибназарон, хоса онҳое, ки қаблан аз мавҷудяти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, эътироф гардид, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун IRS роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд.

3_52

Ҳамватанони азиз бояд донанд, ки роҳи Душанбе – Чаноқ дар муқоиса бо дигар роҳҳои мамлакат аз офатҳои табиӣ, аз қабили тармафароӣ, лағжиши кӯҳпора, омадани сел, обхезӣ ва ғайра зиёдтар осебпазир аст. Бо назардошти ин ҳолат табиист, ки нигоҳдории роҳи мавриди назар кори саҳлу сода набуда, хароҷоти зиёди маблағро ба дунбол дорад. Агар гӯем, ки 16 соли фаъолият барои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи рушду такомул маҳсуб мешавад, муболиға нахоҳад буд. Далели бебаҳси ин гуфта мунтазам ғанӣ гардидани пойгоҳи техникии филиали Ширкат, бунёди корхонаҳои истеҳсоли мумқир ва дигар масолеҳи ба бахши роҳу нақлиёт рабтдошта, ҷалби мутахассисони болаёқат, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, ба фаъолият шуруъ намудани плазаҳои нави толлингӣ ба ҷои плазаҳои амалкунанда мебошад.

Итминони комил дорем, ки роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат ба дастовардҳои ноилгардида иктифо накарда, баҳри густариш бахшидани ин раванд беш аз пеш ҷаҳду талош хоҳанд кард. Бо дарки масъулият мегӯям, ки фаъолияти хуби IRS ба ҳама ҳувайдост. Бинобар ин, мунаққидони он қариб ки аз байн рафтаанд.

Бобоҷони НЕЪМАТУЛЛО

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД