Arzon march 2024
Нохунҳо дар бораи соҳибашон чӣ мегӯянд?
1096


Дасти инсон дар бораи соҳибаш бисёр чизҳои аҷибро гуфта метавонад, масалан аз шакли нохунҳо ҳолати руҳиву равонии шахсро фаҳмидан мумкин аст.

Донистан мехоҳед, ки нохунҳои шумо дар бораи шумо чӣ мегӯянд? Пас, аз рӯйи расми зерин шакли нохуни худро пайдо намуда, бодиққат нигоштаҳои зерро мутолиа намоед.

Шакли 1: Нохуни дарозу росткунҷа

Нохуни дарозу росткунҷа аз он гувоҳӣ медиҳад, ки соҳибаш одами оқил аст ва қабл аз кореро ба анҷом расонидан сад бор оқибати онро андеша мекунад. Дӯстону наздиконаш дар ҳама кор аз ӯ маслиҳат мепурсанд. Сифати манфияш дар он аст, ки ба ҳар як майда-чӯйда диққат дода, худаш руҳан сахт азоб мекашад.

Шакли 2: Нохуни кӯтоҳу ҳамвор

Нохуни кӯтоҳу ҳамворро нафарони эҳтиёткору бодиққат доранд. Ин тоифаи одамон дӯстони кам, вале содиқ дорад. Соҳиби нохунҳои кӯтоҳу ҳамвор қабл аз оне, ки ба касе бовар кунад, ба ҳар як кору рафтори ӯ диққат дода, кию чикора буданашро нағзакак месанҷад. Соҳибони чунин нохун ба корҳои таҳлиливу ҳисобу китоб майл доранд.

Шакли 3: Нохуни кӯтоҳу гирд

Нохунҳоятон шаклан гирд бошанд, пас шумо шахси бомаҳорат ҳастед. Ҳар чизи навро зуд қабул намуда, ба осонӣ ба он мутобиқ мешавед. Фатонату табъи хушатон калидест, ки роҳи шуморо ба дили дигарон васеъ мекушояд. Худо накарда касе дар ҳақи шумо иғвоангезӣ кунад ё ба иззати нафсатон расад, вой бар ҳолаш!

Шакли 4: Нохуни ноҳамвор ва кӯтоҳ

Баъзан нохун мехоида бошед, нохунатон ноҳамвору кутоҳ мегардад. Одатан чунин нохунро нафарони фаъолу дар ҳама кор пешрав доранд. Соҳибони чунин нохунҳо табъи мисли баҳор нозук доранд, лаҳзае хандаву шӯхӣ мекунанду баъди чанде дамдузду дарундор мегарданд. Ҳассосияти баланди зотиашон боиси он мегардад, ки ба ҳар ҳодисаи рухдода таваҷҷуҳ намоянд.

Шакли 5: Нохуни чоркунҷа

Нафароне, ки нохуни чоркунҷа доранд, бе ягон фикру андеша тамоми мушкилиҳоро ба дӯши худ мегиранд. Хеле босалоҳиятанд, аз ин рӯ дар ҷойи кор чанд вазифаро иҷро мекунанд. Ин тоифаи одамон ба касе ҷавоби рад дода наметавонанд, аз ин лиҳоз дар зиндагӣ азоб мекашанд. Масъулиятноку меҳнатиянд, барои пешравии кор тамоми қуввату маҳорати худро сарф мекунанд.

Шакли 6: Нохуни секунҷа

Нафарони нохунҳояшон секунҷа озодиро дӯст медоранд. Сайру саёҳат кардан ва бо одамони гуногун шинос шудан барояшон эҳсоси қаноатмандӣ, фараҳ ва шодмонӣ мебахшад, аммо ба ягон ҷой ё ба нафаре дил намебанданд. Ростқавланд, фикри худро озодона баён намуда, одамони заиф, бегуноҳ ҷабрдидаро муҳофизат мекунанд.

Шакли 7: Нохуни дарози тухмшакл

Нафарони нохунҳояшон дарозу тухмшакл оромтабиат ва босабру таҳаммуланд. Аз танҳоӣ наметарсанд ва ҳатто ҳаловат мебаранд. Ошиқ шаванд, бо тамоми ҳастӣ дил мебанданд.

Шакли 8: Нохуне, ки атрофаш ноҳамвору хати ягона дорад

Чунин шакли нохунро одамони якрав доранд. Соҳибони чунин нохун бо кадом роҳе, ки набошад, ба мақсади худ мерасанд. Т абиатан дилкаш ва дилёбанд, ба осонӣ шиносҳои нав пайдо карда, ба гурӯҳҳо ҳамроҳ мешаванд. Ин тоифа тобу тоқати дидани одамони танбалу эркаро надоранд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД