Formula july 2024
Нурулло Алиев бо First Round Management шартнома бастааст
630

Нурулло Алиев муборизи муҳорибаи омехта аст, ки таҳти сарпарастии UFC баромад мекунад. Ӯ нахустин варзишгари Тоҷикистон аст, ки бо яке аз бузургтарин ширкатҳои менеҷментӣ дар соҳаи MMA - First Round Management шартнома бастааст.

Ин паҳлавони тоҷик 16-уми октябри соли 2000-ум дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таввалуд шудааст. Ӯ се бародар ва як хоҳар дорад. Бо шарофати бародари калониаш ба варзиш машғул шудааст.

Вай аз хурдсолӣ худро ҳамчун варзишгари ҷасур нишон дода, рӯз аз рӯз хоҳиши чизи наве омӯхтан дошт. Дар синни 12-солагӣ ҳамроҳи бародараш таҳти роҳбарии мураббӣ Олимов Абдурозиқ ба гӯштини озод ворид шуд. Ҳамин тавр, тӯли 6 сол ба гӯштини тарзи озод машғул шуда, борҳо ғолиби мусобиқаҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ, ҷоизадори Осиё ва ҳатто устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гӯштини тарзи озод шудааст.

Ба ҷуз гӯштии тарзи озод, Нурулло боз ба варзиши панкратион низ машғул шудааст. Вай дар вазни 77 килогармм 2 маротиба чемпиони ҷумҳурӣ шуд. Пас аз пирӯзӣ дар ҷумҳурӣ ӯ дар мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба панкратион иштирок карда, дар марҳилаи финалӣ аз рақибаш шикаст хӯрд. Баъди ин бохт Нурулло ба машқҳои ҷиддитар шуруъ карда, дар назди худ мақсади гирифтани тиллоро гузошт.

Моҳи сетябри соли 2022 Нурулло Алиев бо Ҷош Вик ба майдони рақобат баромада, ҳарифашро дар раунди аввал бо нокаути техникӣ шикаст дод. Баъд ин ғалаба ӯ ба ташкилоти UFC ворид шуд.

Ҳоло Алиев дар Флорида бо Виктор Белфорди бразилӣ тамрин мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД