Arzon march 2024
Ҳоҷӣ барои чӣ корду дубинка мегардонад?
2000


Зимни баргузории амалиёти шартии «Корд» як нафарро, ки бо худ корд ва дубинкаи худсохт мегардонд, дастгир намуданд.
Ҳоҷии Талбаки 22 –сола сокини шаҳри Кулоби вилояти Хатлонро зимни гузаронидани амалиёти шартии “Корд” дастгир намуданд, ки бо худ корд ва дубинкаи худсохти оҳанинро нигоҳ медошт, хабар додааст Раёсати вазорати корҳои дохилӣ.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ҳоҷии Талбак протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд нисбаташ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯз таъин карда шуд.

Роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз калонсолон, падару модарон, масъулини мақомоти дар тарбияи ноболиғон манфиатдор ва омӯзгорон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки назорат ва таълиму тарбияро нисбати фарзандони худ пурзӯр намоянд. Нагузоранд то наврасону ноболиғон корду дигар ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро бо худ гардонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД