Arzon march 2024
ОБРӮИ “БОНКИР”-РО БА ЗАМИН ЗАДУ АЗ 200.000 МАҲРУМ НАМУД
1740

 

...Ноза фахр мекард, ки ӯ корманди бонк аст. Аммо музди меҳнате, ки аз он ҷо мегирифт, имкон намедод, ки мисли дигар “бонкирҳо” мошини қимматбаҳо дошта бошаду куртаҳои рангу баранг пушад. Хонаи барҳаво дошта бошаду дар вақти аз роҳ гузаштан ба ӯ таъзим кунанд ва бо ангушт нишон диҳанд, ки “ана бинед, бонкир меояд...”. Барои амалӣ намудани ин орзуҳо ба Ноза танҳо як чиз намерасид, он ҳам бошад, пул...

Не, ӯ пул дошт, вале танҳо музди меҳнате, ки кирои гап намекунад ва онро дар як моҳ танҳо як маротиба аз бонки “Зудамал”, ки дар он ҷо кор мекард, мегирифт. “Ин пул барои зиндагии шоистае, ки дар он ҳама чиз бошад, намерасад”, андеша кард ӯ ва аз паи дарёфти маблағи бисёр хост аз мансабаке, ки дар ин бонк дошт, истифода барад. “ Ба кордон , кор осон” гуфтагӣ барин, аввалин шуда, барои амалӣ намудани нақшаи худ ӯ як ҳамшаҳрии худро истифода бурдан хост. Ҳамшаҳрие, ки ба умеди коромӯзӣ ба банки онҳо омада буд ва аввалин сабақи кори бонкдориро омӯхтан мехост.

-Муллообид, шумо, ки барои коромӯзӣ ба ин ҷо омадаед, бояд аввал корро аз ман омӯзед, гуфт ӯ ва аз коромӯз хоҳиш намуд, ки шиносномаашро ба дасти ӯ диҳад.

-Апа, ин барои чӣ лозим?-пурсид донишҷӯи таҷрибаомӯз...

Аммо Ноза бо як нози занона чашмакӣ заду гуфт:

-Баъд мефаҳмӣ, додари азиз...

Рӯзи дигар ӯ аз Муллообид хоҳиш намуд, ки ба зери ҳуҷҷатҳои бонкӣ имзо гузорад. Вақте донишҷӯ фаҳмид, ки “устодаш” ба номи ӯ аз бонки худашон 3500 доллари ИМА қарз гирифтанист, розӣ нашуд. Аммо Ноза ҳам анг не, ӯ бо сад ваъдаю воис, ки маблағҳои гирифтаашро дар муддати муайяншуд ба бонк бармегардонаду ӯро қарздор намекунад, таҷрибаомӯзро розӣ намуд, ки ба зери ҳуҷҷатҳои қарзӣ имзо гузорад. Аммо баъд...

Аммо баъд, вақте ки дар муҳлати муқаррарнамудаи бонк қарз пурра баргардонида намешавад, кормандони бонк ҳар рӯз ба Муллообид Мирзобошиев занг зада, талаб мекунанд, ки қарзро баргардонад. Аммо донишҷӯ аз куҷо ин қадар маблағдорад? Ӯ барои он, ки ин қарзро аз гарданашт соқит кунад, зиёда аз бист маротиба ба хонаи Ноза меравад, вале ӯро на дар ҷои кор ва на дар хона пайдо намекунад. Дар ҳолатҳое, ки пайдо мекард, ба ҷуз ваъда дигар чизе аз Ноза гирифта наметавонист. Фоизи қарзҳои бонкӣ бошад, рӯз аз рӯз афзудан мегирифт . Донишҷӯ маҷбур шуд, ки ба волидонаш муроҷиат кунад. Онҳо баъд аз сарзаниши зиёде, ки чаро ба як фиребгар бовар кардааст, маблағи боқимондаи қарзи гирифтаи Нозаро, ки 840 доллар буд, ба бонки “Зудамал” баргардониданд. Ин таҷрибаи аввалини “бонкдории” донишҷӯи таҷрибаомӯз шуд   ва шояд таҷрибаи талхи зиндагӣ ҳам бошад, ки онро дигар то охири умр такрор нахоҳад кард...

Аммо магар ин аввалин ва охирин найранги Ноза буд? Не, ӯ ,ки дар шуъбаи қарздиҳии бонки “Зудамал” аз соли 2011 инҷониб кор мекард, дар масъалаи дарёфти пул аз ҳисоби дигарон таҷрибаи калон пайдо карда буд. Масалан, қарзхоҳе ба мисли боз як шахси фиребхӯрда Хайрӣ Шарифова агар 450 доллар қарз гирифтанӣ бошад, Ноза “ҳаққи худаш” кам не, ғам не 1500 долларро ба болои он зам мекарду 450 доларро ба соҳиби пул дода, боқимондаашро худаш мегирифт. Ин “холаи пулёб” бо ҳамин роҳ маблағи ба номи дигарон бо имзои қалбакӣ ҳуҷҷаткардашро аз бонк мегирифту баъд қарзгиранда аз дунболаш ӯро кофта мегашт. Бо ҳамин роҳ Ноза на танҳо Хайрӣ, балки боз Искандари Абдуғафор ном шаҳрвандро ба доми худ афтонда, ба ваъда дод, ки ба вай аз байни хонаҳои дар бонк ба гаравгузошташуда, ки соҳибонашон қарзи бонкро адо карда наметавонанд, бо нархи арзон хона гирифта медиҳад. Дар як чашмакзанӣ 10 ҳазор доллари Искандар ба ҷайби Ноза гузашт, вале то ҳол аз хонаи ваъдагӣ дараке нест. Дар кори “ҳисобу китоби” Ноза бегонаю худӣ фарқ надорад, балки барои ӯ “такка бошаду шир диҳад”. Ноза, ки ба ӯ ҳамкораш Муҳаммадҷон Файзуллоев, ки масъули фурӯши маснуоти заргарии ба гаравгузошташуда буд, бовар карда, мегӯяд, ки маблағҳои аз фурӯши ин маснуот ба даст омадаро аз мағозаи тиллофурӯшӣ гирифта, ба бонк супорад. Аммо ин таклиф ба Ноза чун равғани гӯсфанд форид ва ӯ аз мағозае, ки дар он ҷо маснуоти заргарии бонк ба фурӯш гузошта шуда буд, маблағи 2966 долларро гирифту бо ҳамин маблағ то бонк нарасид. Муҳаммадҷон маҷбур шуд, ки дар вақти тафтиши прокуратура ин камомадро аз ҳисоби худаш ҷуброн намояд. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Бовар макун ба дӯстат, коҳ ҷой кунад ба пӯстат...”

Аммо ин коҳҷойкуниҳои Ноза дер давом накард ва ниҳоят лаҷоми “бонкири навбаромад” ба дасти органҳои танобкаш афтид.

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе тамоми аъмоли Нозаи Султонро дар тарозуи қонун баркашида, ба ӯ аз рӯи чанд моддаи қонун ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати 12 солро раво донист. Аммо маҳкумшуда баъд аз баромадани ҳукм ба суд муроҷиат намуд, ки бинобар он, ки зарари расонидааш ба шаҳрвандон пурра барқарор карда шудааст, ӯро аз адои ҷазои ҳабсӣ озод намояд. Мувофиқи қонун, Ноза ба чунин муроҷиат ҳақ дошт ва суд бо назардошти он, ки ҷабрдидаҳо дар бораи пардохт шудани зарар ариза навиштанд, суд ба хулосае омад, ки Нозаи Султонро аз ҷазои ҳабсӣ озод намуда, ӯро ба маблағи 219 ҳазор сомонӣ ҷарима кунад. Шояд ин ҷазо ба як зане, ки  паи пайдо кардани даромади муфт пояшро каҷ гузоштааст, дарси ибрат гардад.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД