Arzon march 2024
Ҳодисаи гӯшношунид дар оғози соли 2023
673

Полиси Амрико модари як кӯдаки шашсоларо аз иёлоти Вирҷиния бо гуноҳи тарбияи нодурусти фарзанд боздошт кард.

Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ин кӯдак моҳи январи имсол муаллимашро дар мактаби ибтидоии Ричнек паррондааст. Полис дақиқ кард, ки кӯдак силоҳи шахсии модарашро аз ҷевони ҳуҷраи хобаш гирифта, ҳамроҳ ба мактаб бурдааст.

Гуфта шуд, ки ба гумонбар Деҷа Тейлори 25-сола то 6 соли зиндон таҳдид мекунад. Ҳоло вай бар ивази 5000 доллар гарав озод шудааст.

Муаллими синфҳои ибтидоӣ Абиҷайл Свернер, ки баъди тирандозӣ сахт маҷрӯҳ шудааст, аз рӯи маъмурияти мактаб ба суд шикоят бурда, 40 миллион доллар товон талаб кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД