arzon replenishment
Ҷодугари ғоратгар Қисми 2
02.07.2023
ОИЛА
1316

                  Ҷодукушои ғоратгар

Ҷӯгизан ба манижа ваъда дод, ки ба хотири ҳамин як коса оби додааш ҷодуро мекушояд ва ӯро хушбахти ҷаҳон мегардонад. Арӯсак аз барор гирифтани кораш хурсанд шуда, ҷавонзани ношиносро ба ошёнаи дуюм баровард ва дар меҳмонхонаи барҳаво рӯйи чор қабат кӯрпача шинонда, дар наздаш дастурхони пурнозу неъмат орост. Ҷӯгизан осемасар шикамашро сер карда, аз пайи “баровардани ҷоду ” шуд. Манижа худро орову торо дода, қатори дигар ҷавоҳирот гарданбанди гаронбаҳои тоҷиддин туҳфакардаю ангуштарини бриллиантии хушдоманаш дилбархон тақдимнамударо низ ба гардану дасташ андохта буд ва ҷӯгизан ду чашми ҳарисашро аз ин ороишоти қиматбаҳо намеканд. Зани маккора хонаро холӣ дида, арӯсакро дар болои курсӣ шинонд ва ба амалиёт сар кард.

-ҳозир ман ҷодуи туро мебарорам. Чашмонатро пӯш, то ман нагӯям, чашмонатро намекушоӣ,-фаҳмонд ҷӯгизани маккора.

Манижа итоаткорона чашмонашро пӯшиду “ҷодубарор” ба ламс кардани гардану гӯшу дастонаш сар кард. Баровардани “ҷоду” тақрибан 10 дақиқа давом кард ва ниҳоят зани “ғайбдон” хурсандона садо баровард:

-ман ҳама сеҳру ҷодуро баровардам. Дар дилат то ҳазор ҳисоб кун, баъд чашмонатро кушода, душманатро мебинӣ!

                  Ҳақиқати талх

Манижа бо чашмони пӯшида, пушташро тарафи дар гардонда нишаста буд ва намедонист, ки дар атрофаш чӣ ҳодисаҳо рӯй дода истодаанд. Вақте ки арӯсаки сода ҳисобро ба охир расонда, чашмонашро кушод, аллакай аз “ҷодубарор” ному нишоне набуд. Давида берун баромаду аз занҳои ҳамсоя ба кадом тараф рафтани зани навакак аз хонаи онҳо баромадаро пурсид, вале ҳама китф дарҳам кашида гуфтанд, ки касеро надидаанд. Ҷӯгизанро гӯё замин ба комаш фурӯ бурда бошад, дар ягон ҷо ному нишонаш набуд.

                 Гавҳари қиматбаҳо

Бегоҳ манижа бо чашми гирён ҳодисаро ба волидонаш нақл кард. Холаи садаф хост ба идораи милиса рафта, аз рӯйи ҷӯгизани дузд арз кунад, вале шавҳараш ӯро аз роҳаш боздошта, гуфт:

-аввал бо қудоҳо маслиҳат кардан даркор.

Дилбархону шавҳару писарашро ба хона даъват намуда буду шуди гапро гуфтанд. Хушдомани ояндааш манижаро барои зудбовариаш каме коҳиш намуд, вале тоҷиддин табассум карда гуфт:

-амакҷон, хуб кардед, ки ба милиса муроҷиат накардед. Ин ҳодиса овозаю дарвоза шавад, дар назди дӯсту душман ангуштнамо мешудем. Манижаҷон худаш гавҳари ноёб аст. Ғам нахӯред, лозим бошад, барояш боз даҳто чунин гарданбанду ангуштарини бриллиантдор мехарам!    

Ҷавон ба гапаш истода, рӯзи тӯй ба арӯсаш чунон гарданбанди зебое тақдим намуд, ки бо диданаш ҳуш аз сари дугонаҳои манижа парид. Беҳуда нагуфтаанд, ки ду дил агар як ҷо шавад, олам гулистон мешавад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Муниса 2023-07-03, 04:22
Точику чуги кариб ки як хеланд. Боз хамин точикхои нав лучи гушнагадо, як умр гарданбанду бриллиант гуфта мегарданду на акл доранду на заковат.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Муниса 2023-07-03, 04:22
Точику чуги кариб ки як хеланд. Боз хамин точикхои нав лучи гушнагадо, як умр гарданбанду бриллиант гуфта мегарданду на акл доранду на заковат.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД